Jump to content

Алтернариоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алтернариоз — навъе аз касалиҳои занбӯруғии рустанӣ. Ангезандааш занбӯруғҳои ҷинси Alternaria. Алтернариоз чанд хел мешавад, масалан, алтернариози майса (ангезандааш алтернариоз tenuis), алтернариози картошка (ангезандааш алтернариоз solani), алтернариози себ (ангезандааш алтернариоз mali), алтернариози нок (ангезандааш алтернариоз bokurai), алтернариози карам (ангезандааш алтернариоз brassicae), алтернариози ток (ангезандааш алтернариоз alternata, алтернариоз tenuissima, алтернариоз vitis). Махсусан алтернариози карам зарари калон мерасонад. Алтернариози ток дар тамоми мавзеъҳои токдории ҷаҳон дучор меояд. Зарари алтернариоз тадриҷан меафзояд. Алтернариоз дар ҳавои гарми намнок авҷ мегирад. Дар навдаҳои касал доғҳои дорчинӣ ё нуқрафом пайдо мешаванд. Ҳангоми ба ҷойи намнок гузоштан ранги навдаҳои сироятёфта зуд зайтунӣ мегардад. Баргҳои ток аввал доғҳои сафед пайдо карда, баъд тирагун мешаванд; дар ҳавои серрутубат рӯи баргро қабати тунуки занбӯруғ мепӯшад. Меваи касал пажмурда гашта, таъми нохуш пайдо мекунад. Тадбирҳои мубориза: риояи қоидаҳои агротехникӣ, нест кардани пасмондаҳои рустаниҳо; ҳангоми зоҳир гардидани касалӣ ба зироат ва боғот пошидани маҳлули 2-фоизаи моеи бордосӣ; дар муддати кӯтоҳ ҷамъоварӣ кардани ҳосил; дар шароити мусоид нигоҳ доштани мева.