Jump to content

Алфа-зарра

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алфа-зарра — α-зарра, зарраи иборат аз ду протон ва ду нейтрон (атоми ду карат иондоршудаи элементи гелий – ядрои атоми гелий). Ишораташ – 42Не. Массаи А. mα = 4,00273 воҳиди атомии масса = 6,64669∙10-27 кг, заряди электрикиаш баробари +2е (е = 1,60219∙10-19 Кл – қимати мутлақи заряди электрон), спин ва моменти магнитиаш баробари сифр мебошанд. Алфа-зарра содатарин системаест, ки дар он ҳама бандҳои ядроӣ пурра истифода шудаанд, бинобар ин энергияи бандиши алфа-зарра басо бузург – 28,11 МэВ (7,03 МэВ/нуклон) аст. Алфа-зарраҳо ҳангоми алфа-коҳиши атомҳои радиоактивии вазнин (238U, 226Rа, 212Ро ва ғайра) ба вуҷуд меоянд. Дар ин маврид ядрои элементи (А, Z) бо адади массавии алфа-зарра ва заряди Z ба ҳолати ядрои элементи (А-4, Z-2) мегузарад. Назарияи алфакоҳишро соли 1928 Г. Гамов, Р. Гёрни ва Э. Кондон пешниҳод кардаанд. Мувофиқи ин назария алфа-зарраи энергияи пуррааш назар ба баландии садди потенсиалии қувваҳои ядроии ҷозибавӣ ва қувваҳои теладиҳандаи кулонӣ хурдтар, дар натиҷаи эффекти нақбӣ (туннелӣ) аз ҳамин садд заҳида мегузаранд. Манбаи алфа-зарра реаксияҳои ядроии гуногун (3T + 2D → 4He(α) + 1n, 19P + 1n → 16N + 4He (α) ва ғайра) низ буда метавонанд. Дар ҳар ду маврид энергияи кинетикии алфа-зарра дар ҳудудҳои 2 ÷ 9 МэВ мебошад. Баъзе ядроҳо (212Po, 214Po) ҳангоми аз ҳолати ангехта бевосита ба ҳолати асосӣ гузаштан ба ном алфа-зарраи «дароздав» (энергияи кинетикиашон зиёда аз 10,5 МэВ) меафкананд. Манбаи дигари А.-и баландэнергия (аз 10 МэВ то зиёда аз 106 МэВ) суръатфизоҳои гуногуни зарраҳои заряднок мебошанд. Ҳангоми аз моддаҳо гузаштан алфа-зарра энергияи худро барои таъсири мутақобилаи электромагнитӣ бо атомҳо ва молекулаҳои модда сарф мекунад. Қобилияти ионофарии алфа-зарра ниҳоят зиёд аст. Масалан, як алфа-зарраи энергияаш 5 МэВ дар ҳаво тақрибан 1,5∙105 ҷуфт ион ҳосил мекунад. Дарозии дави алфа-зарра дар ҳаво тақрибан ба 260 (v/c)3м баробар (ин ҷо v/c – нисбати суръати ибтидоии алфа-зарра бар суръати вакуумии рӯшноӣ мебошад) ва дар муҳитҳои сахт ~ 10-5 м аст. Доираи истифодаи алфа-зарраҳо васеъ мебошад: аз ҷумла, ҳосил кардани нейтронҳо ва ба вуҷуд овардани изотопҳои радиоактив ба тавассути реаксияҳои ядроӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]