Жорес Алфёров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Алфёров Жорес Иванович)
Jump to navigation Jump to search
Алфёров Жорес Иванович
беларусӣ: Жарэс Iванавiч Алфёраў
Zhores Alfyorov 2012.jpg
Санаи таваллуд:

15 март 1930(1930-03-15)[1][2] (88 сол)

Зодгоҳ:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

физикаи нимноқилҳо[d]

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва метематика[d]

Алма-матер:
Мукофоту ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Алфёров Жорес Иванович дар Викианбор

Алфёров Жорес Иванович (беларусӣ: Жарэс Iванавiч Алфёраў; тав. 15 марти 1930, Витебск, Белоруссия) — физики рус, академик (1979), ноиби президенти АИ Русия (аз соли 1990).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Институти электротехникии Ленинград (1952). Аз соли 1953 дар Институти физикаю техникаи АИ Россия ба номи А. Ф. Иоффе ба ҳайси корманди илмӣ, директор ва роҳбари илмӣ кор кардааст. Солҳои 19892010 раиси Маркази илмии петербургии АИ Россия буд. 5 апрели 2010 роҳбари илмии Маркази иноватсионии «Сколково» интихоб шуд. Дар ихтирои нахустин транзисторҳои советӣ ва асбобҳои қуввагии аз германий сохташуда иштирок кардааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Бори аввал дар соҳаи нанотехнология гетеросохторҳои нимноқилҳо, инчунин гетеролазерҳои инжексиониро дар нуқтаҳои квантии сунъӣ, ки дар ҳарорати хона бо реҷаи муттасил дар фосилаи васеи тайфӣ кор мекунанд, ба вуҷуд овард. Таҳқиқоти Ал-феҳрист ба электроникаи куллан нав асос гузошт, ки усулҳои он «муҳандисии минтақавӣ» ном гирифт. Аз соли 2007 депутати Думаи давлатии Маҷлиси Федеративии Федератсияи Россия. Хазинаи дастгирии илму техникаро барои кумак расондан ба ҷавонони болаёқат, ҳавасмандии фаъолияти эҷодӣ дар соҳаҳои афзалиятноки илм таъсис дод. Муаллифи бештар аз 500 таълифоти илмӣ, 3 монография, 50 ихтироъ.

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо[вироиш]

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1972), Мукофоти Нобел (соли 2000 якҷоя бо С. Килби ва Г. Кремеров). Узви академияи илмҳои бисёр давлатҳои ҷаҳон мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]