Ҷоизаи давлатии ИҶШС
Ҷоизаи давлатии ИҶШС | |
| Таърихи таъсис | 9 сентябри 1966 |
|---|---|
| Кишвар | |
| Дараҷаи болотар | Мукофоти ленинӣ[d] |
| Дараҷаи пойинтар | Дорандаи Ҷоизаи ВЛКСМ ва state prize of the Soviet Republics[d] |
| Макони шаклгирӣ | Маскав |
| Иваз шуд ба | State Prize of the Russian Federation[d] |
| Ба ҷои | Мукофоти сталинӣ[d] |
| Замони оғоз | 1941 |
| Таърихи фурӯпошӣ | 1991 |
| Гурӯҳи барандагони ҷоиза | Гурӯҳ:Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС |
Ҷоизаи давлатии ИҶШС (русӣ: Государственная премия СССР) — ҷоизаи ҳарсолаи давлатӣ, ки бо Қарори КМ ҲКИШ ва Совети Вазирони ИШҶС 9 сентябри соли 1966 таъсис ёфтааст. Ин ҷоиза дар давраи аз соли 1967 то 1991 барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи илм ва техника, адабиёт, санъат ва меъморӣ эҳдо мегардид.
Бо Қарори КМ ҲКИШ ва Совети Вазирони ИШҶС аз 17 сентябри соли 1967 Низомнома оид ба ин ҷоиза тасдиқ карда шуд. Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991, Ҷоизаи давлатии ИҶШС аз байн рафт.
Мақом ва таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷоизаи давлатии ИҶШС аз рӯи аҳамият ва ҳаҷми маблағи пулӣ (5 000 рубл) пас аз Ҷоизаи Ленинӣ (ки дар давраи аз соли 1957 то 1991 супурда мешуд) ҷои дуюмро ишғол мекард. Талабот ба лауреатони ин ду ҷоиза фарқ мекард: агар барои соҳиб шудан ба Ҷоизаи Ленинӣ таҳқиқоти «махсусан барҷаста ва бартар аз комёбиҳои ҷаҳонӣ» лозим мешуд, барои Ҷоизаи давлатӣ «саҳми бузург дар рушди илму техникаи ватанӣ» кифоя буд.
Лауреатони Ҷоизаи Сталинӣ, ки дар солҳои 1941–1955 супурда мешуд, метавонистанд медалҳо ва ҳуҷҷатҳои худро ба атрибутҳои Ҷоизаи давлатӣ ҷойгузин кунанд. Дар адабиёти маълумотномавии шӯравии солҳои 1960–1980 худи Ҷоизаи Сталинӣ низ бо сабабҳои сиёсӣ «Ҷоизаи давлатии ИҶШС» номида мешуд (масалан, «Лауреати Ҷоизаи давлатӣ, соли 1949»).
Ҷоиза ҳар сол дар арафаи иди Инқилоби Октябр эълон мегардид (то 50 ҷоиза дар соҳаи илм ва техника ва то 10 ҷоиза дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ). Ба соҳибони ҷоиза диплом, нишони фахрии лауреат ва маблағи муайяни пулӣ супурда мешуд. Дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ низ ҷоизаҳои давлатии ҷумҳуриявии соҳавӣ таъсис ёфта буданд.
Феҳристи ҷоизадорон аз Тоҷикистон (дар соҳаи адабиёт ва санъат)
[вироиш | вироиши манбаъ]| № | Шахсият / Гурӯҳи эҷодӣ | Унвон / Пеша | Соли супурдан | Асар ё заминаи ҷоиза |
|---|---|---|---|---|
| 1 | Мухтор Ашрафӣ | оҳангсоз, дирижёр | 1943, 1952 | Барои осори мусиқӣ ва опера |
| 2 | Комил Ёрматов | кинорежиссёр | 1948 | Барои хидматҳо дар соҳаи синамо |
| 3 | Мирзо Турсунзода | Шоири халқии Тоҷикистон | 1948 | барои достони «Қиссаи Ҳиндустон» |
| 4 | Садриддин Айнӣ | Нависандаи халқии Тоҷикистон | 1949 | барои китоби «Ёддоштҳо» (Қисмҳои 1–2) |
| 5 | Сергей Баласанян, Ғаффор Валаматзода, Лутфӣ Зоҳидова, Муҳаммад Қобилов, Евгений Чемодуров | гурӯҳи эҷодӣ | 1949 | барои балети «Лайли ва Маҷнун» |
| 6 | Борис Бибиков | коргардони театр | 1950 | Барои соҳаи театрӣ |
| 7 | Мирсаид Миршакар | Шоири халқии Тоҷикистон | 1950 | барои достонҳои «Қишлоқи тилоӣ» ва «Панҷи ноором» |
| 8 | Иброҳим Барамиков, Борис Кимиёгаров | гурӯҳи эҷодӣ (кинематографистон) | 1952 | барои филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистони Советӣ» |
| 9 | Ашӯра Носирова | Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон | 1952 | барои маҳорати баланди рақсӣ |
| 10 | Муъмин Қаноат | Шоири халқии Тоҷикистон | 1978 | барои достони «Суруши Сталинград» |
| 11 | Ато Муҳаммадҷонов | актёри театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон | 1986 | барои офаридани нақшҳо дар кинофилмҳо |
| 12 | Ҳошим Гадоев | Ҳунарпешаи халқии СССР | 1989 | барои нақши Рустам дар филми «Рустам ва Суҳроб» |
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Постановление Совета Министров СССР от 11 октября 1967 г. N 946 «О почётном знаке и дипломе лауреата государственной премии СССР»
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Душанбе, 1983. — с. 540.