Алғул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алғул (арабӣ – дев) — дуюмин ситораи равшан (пас аз Мирфақ) дар бурҷи Ҳомили раъс-ул-ғул (Барсовуш). Тағйирёбии алғул аз қадим маълум буда, дар одамон ҳиссиёти ваҳмангезе ба вуҷуд меовард ва чунин номгузорӣ шуданаш аз ҳамин ҷост. Дар атласҳои бурҷҳои осмонии асримиёнагии европавӣ алғул ҳамчун чашми Медузаи Горгон, дар атласҳои исломӣ чун чашми дев тасвир ёфтааст. Алғӯл маҷмӯи се–чор ситора аст, ки дутои онҳо (Алғул А ва Алғул В) бо даври 2,87 шабонарӯз якдигарро мепӯшонанд ва дар ин ҳолат дурахши ситора аз 2,06 то 3,28 бузургии ситоравӣ кам мешавад. Ин ҳодисаро бори нахуст 8 нояб ри 1670 олими италиявӣ Ҷ. Монтанари мушоҳида намудааст. Массааш 1,67-и массаи Офтоб, радиусаш 0,9-и радиуси Офтоб, ҳарорат 8500 К, синнаш 3×108 сол ва масофааш то Замин 93±2 с. р. (28,5±0,7 пк) аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]