Jump to content

Алӣ Лутфӣ Маҳмуд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алӣ Лутфӣ Маҳмуд
ар. علي لطفي
4 сентябр 1985 — 9 ноябр 1986
Пешгузашта Kamal Hassan Ali
Ҷонишин Atef Sedki[d]

Таваллуд 6 октябр 1935(1935-10-06)
Даргузашт 27 май 2018(2018-05-27)[1] (82 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ Бакалавр, diploma[d] ва докторӣ[d]
Эътиқод ислом
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алӣ Лутфӣ Маҳмуд (ар. على لطفي محمود‎; 6 октябр 1935, Ал-Файюм27 май 2018, Қоҳира) — иқтисоддони мисрӣ, сиёсатмадор ва ходими давлатӣ, ки вазифаи Сарвазири Миср (1985—1986), вазири молияи Мисрро (1978—1980) бар ӯҳда дошт. Омӯзгор, доктори илм (1963), профессори иқтисод.

Факултети иқтисодиро дар Донишгоҳи Айн-Шамс, дар Қоҳира хатм кардааст. Пас аз гирифтани дараҷаи докторӣ дар Лозанна (1963), дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор кор кардааст. Сипас, дар солҳои 1978-1980 ӯ вазири молияи Миср буд.

Аъзои Ҳизби миллии демократии Миср.

Узви ҳайати мисрӣ буд, ки ҳамроҳи Содот соли 1978 бо Исроил дар имзои Созишномаҳои Кэмп-Дэвид иштирок кардааст.

Аз 4 сентябри соли 1985 то 9 ноябри соли 1986 сарвазири Миср буд, ки дар ин вазифа Камол Ҳасан Алиро иваз намуд.

Азбаски ӯ натавонист иқтисодиёти кишварро мӯътадил созад, моҳи ноябри соли 1986 истеъфо дод.

Пас аз тарки вазифаи сарвазир, ӯ раиси Шӯро - Сенати Миср, палатаи болоии парлумони Миср, таъин шуд. Лутфӣ инчунин комиссияи кишварро, ки барои иҷозатномадиҳии ҳизбҳои сиесӣ масъул буд, роҳбарӣ мекард.

Профессор, сипас мудири кафедраи иқтисод дар Донишгоҳи Айн-Шамс кор кардааст.

Алӣ Лутфӣ Маҳмуд соли 1992 ба ҷоизаи бонуфузи давлатӣ дар соҳаи илмҳои иҷтимоӣ мушарраф шуд.