Алӣ ибни Ҳасани Бохарзӣ
Таърихи таваллуд: | 1075 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Алӣ ибни Ҳасани Бохарзӣ (форсӣ: علی بن حسن باخرزی; 1075, Бохарз, устони Хуросони Разавӣ — Бохарз, устони Хуросони Разавӣ) — шоир, адиб ва нависандаи арабизабони эронитабор, муаллифи «Думйату-л-қаср».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзгори нахустини ӯ падараш шайх Абуалӣ Ҳасан ибни Абутайиби Бохарзӣ буд. Бохарзӣ бо нияти илмомӯзӣ ва ҷамъоварии осори муосиронаш ба шаҳрҳо ва марказҳои илмию маданӣ (Зузан, Рай, Бужаҷ, Ҷурҷон, Астаробод, Марв, Ҳирот, Нишопур, Бағдод, Басра, Восит ва ғайра) сафар карда, бо адибони номдор ва ашхоси олимартаба вохӯрдааст ва дар девонҳои расоили баъзе ҳокимони Салҷуқӣ котиб будааст. Солҳои охири ҳаёташ дар зодгоҳаш шаҳри Бохарз гузашта, дар ҳамон ҷо дар маҳфиле ба қатл расидааст.
Эҷод
[вироиш | вироиши манбаъ]Бохарзӣ дар назму наср истеъдоди комил дошт. Ӯро асарҳои манзуму мансур аст. Машҳуртаринаш тазкираи «Думйату-л-қаср ва усрату аҳли-л-аср» мебошад, ки порчаҳо аз зиндагӣ ва намунаҳои эҷодиёти адибону шоироии музофотҳои мухталифи мамолики исломӣ, аз ҷумла кулли Эронзаминро фаро мегирад. Тазкира ба забони арабӣ буда, аз намояндагони илму адаби арабизабони асри 11 ёд мекунад. Бохарзӣ дар ин асараш аз осори ба забони арабӣ навиштаи шоирони форс-тоҷик низ намунаҳо овардааст. Теъдоде аз олимон ва ноқидони шеър дар асрҳои миёна ба лафзи балиғ ва маъниҳои нозуки осораш таҳсин гуфтаанд. Бохарзӣ бештарн асарҳояшро ба забони арабӣ таълиф намудааст, вале чунонки Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» меорад, ӯ аз ҷумлаи адибон ва шоирони зуллисонайн буда, ба забони модариаш форсӣ-тоҷикӣ низ шеърҳо офаридааст. Бохарзӣ ба забони форсӣ «Тарабхона» ном маҷмӯаи рубоиёт доштааст, вале аз ашъори форсиаш чанд қасида ва порчаҳои парокандаи шеърӣ мондаасту бас. Бохарзӣ инчунин миқдори зиёди ашъори пешиниён ва муосирони худро ба забони арабӣ гардондааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бохарзӣ / Т. Мардонӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.