Jump to content

Донишгоҳи Ал-Азҳар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ал-Азҳар)
Донишгоҳи Ал-Азҳар
Соли таъсисёбӣ 970 ва 1961[1]
Сайт azhar.edu.eg(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ал-Азҳар (ар. الأزهر‎) — яке аз қадимтарин донишгоҳи дунё) — Ҷомеъ-ул-Азҳар, куҳантарин ниҳоди омӯзишӣ-динии бозмонда аз рӯзгори Фотимиён дар Миср, ки ҳамзамон бо таъсиси шаҳри Қоҳира бунёд ниҳода шуд ва бо гузашти беш аз ҳазор сол ва рӯёрӯӣ бо бисёре аз дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ба унвони яке аз пуровозатарин донишгоҳҳои исломии мавҷуди ҷаҳон ба ҳаёти илмӣ-омӯзишии худ идома медиҳад.

Созанда ва муассиси Ҷомеъ-ул-Азҳар Ҷавҳар Котиби Сиқилӣ (Ситсилӣ), сардори нерӯманди Ал-Муъиз ли-дин-ил-Лоҳ (ҳукмронӣ 952 – 976 м) – чаҳорум халифаи Фотимӣ буд. ӯ Масҷид-ул-Азҳарро бо фармони халифа дар ҷануби шарқӣ ва сӯи қиблаи қасри халифа дар миёнаи маҳаллаи турку дайлам бино ниҳод. Бинои Ал-азҳар 4 апрели 970 оғоз шуд ва дар 22 июни 972 анҷом ёфт: дар ҳамон рамазон нахустин намози ҷумъа дар он иқома шуд. Сабаби чун Ал-азҳар шуҳрат ёфтани ин Ҷомеи бузург нисбати он ба духтари Расули Худо – Фотимаи Заҳро буд. Давраи ҳукумати Ал-Азиз биллоҳ, писар ва ҷонишини Ал-Муъиз, оғози барномаҳои омӯзишӣ ва парваришии насле ошно ба низоми фиқҳии фотимиён буд, ки ба тадриҷ ҷойгузини низоми фиқҳии мазоҳиби роиҷи аҳли суннат дар қаламрави исмоилиён мешуд. Қозӣ Абуҳанифа, Нуъмон ибни Муҳаммад (вафот 974), фақеҳи моликимазҳабе, ки ба шиъа гароида буд, китобҳои «Ифтитоҳ-уд-даъва», «Шарҳ-ул-ахбор», «Ал-иқтисор» ва осори дигарро дар фиқҳи исмоилӣ навишта, бо таълифи китоби «Ихтилоф-ул-фуқаҳо» мазҳаби аҳли байтро бар асоси мабонии эътиқодии исмоилия устувор сохт. Пас аз вай писараш Абулҳасан Алӣ ибни Нӯъмон (вафот 984) – нахустин қозиюлқузоти Миср дар асри Фотимиён, дар моҳи сафари 365 ҳиҷрии қамарӣ ба фармони Ал-Азиз ҳамроҳи гурӯҳе ба Ал-азҳар рафт ва ба имлои «Китоб-ул-иктисор», аз навиштаҳои падараш пардохт. Илова бар ин вазир Абулфараҷ Яъқуб ибни Юсуф, маъруф ба ибни Киллис бо мувофиқати халифа барои гурӯҳе аз фақеҳон маоше таъйин намуд ва барои зиндагии онон дар канори Ҷомеъ хонае сохт. Кумакҳои молии ин вазир ва халифа Ал-Азиз боиси равнақи Ал-азҳар ва ривоҷи омӯзишҳои он гардид. Дар замони Ал-Ҳоким биамриллоҳ (996 – 1020 м) бинои масҷиди наве ба номи Ҷомеъ-ул-ҳокимӣ шуҳрат ёфт, ки суннати эроди хутба ва иқомаи намозро дар Ҷомеъ-ул-Азҳар барҳам дод. Пас аз он Ал-Ҳоким намози ҷумъаеро дар ҷамоати хеш ва дигар ҷумъаҳои моҳро дар Ал-азҳар, Ҷомеи Ибни Тулун ва Ҷомеи Миср (Фустот) мегузорид. Бо ин ҳама навсозиҳо ва ирсоли ҳадяҳои арзанда, аз ҷумла китобҳо ба китобхонаи навбунёди Ал-азҳар интиқоли бисёре аз китобҳои Кохи хилофат ба ин китобхона ва таъйини мавқуфот аз таваҷҷуҳи хоси ҳоким ба ин Ҷомеъ нишон дошт. (Суютӣ, ҷилдӣ 2 саҳифа 251 – 252.) Бунёди Дор-ул-илм ё Дор-ул-ҳикма (дуюмин ниҳоди омӯзишии фотимӣ) ба фармони Ал-Ҳоким дар Қоҳира то андозае аҳамияти Ал-азҳарро коҳиш дод. Инқирози Оли Бувайҳ дар Эрону Ироқ ва чирагии салҷуқиёни пуштибони хилофати аббосӣ дар сустии бунёди давлати фотимиён ва раванди илмӣ-омӯзишии Ал-азҳар таъсироти боризе дошт.Муҳимтарин манбаъҳои молии Ал-азҳар дар асри фотимиён, мавқуфоти давлатию хусусӣ ва садақоти нақдӣ ва ҷинсӣ буданд. Он девоне хос дошт ва қозиюлқузот ба он назорат мекард. Рӯзии устодон, донишҷӯён ва дигар дастандаркорон низ аз хазинаи хароҷот нигаҳдорӣ ва навсозии Ал-азҳар аз ин даромадҳо таъмин мегардид. Ин шева то аввали садаи XX идома дошт. Масъулияти илмӣ-омӯзишии Ал-азҳарро машоих ва пешвоёни мазҳабӣ, барпо намудани ҷашнҳо, сӯгвориҳо ва умури таблиғиро доъӣ-уд-дуъот, навсозӣ ва бахшишҳои молиро хулафо, амирон ва вазирон бар уҳда доштанд. Муҳимтарин фаъолиятҳои Ҷомеъ-ул-Азҳар дар давраи Фотимиён ба ин тартиб буд: эроди хутба ба номи халифагони фотимӣ, афзудани иборати «ҳайю-ало-хайрул-амал» дар азон, барпо доштани сӯгвории ошурои Ҳусайнӣ, барпоии Маҷолис-ул-Ҳикма дар ҳузури халифа, вазирон ва донишмандон барои ташкили маҷолиси дарс, чароғонӣ ва қуръонхонии шаби аввал ва нимаи раҷаб, аввал ва нимаи шаъбон, ки гоҳ халифа ва хонадонаш дар он ширкат доштанд ва ба вижа омӯзишҳои исмоилӣ дар канори улум ва фунуни роиҷ дар аср. Ҳасан ибни Завлоқ (вафот 996), Аҳмад ибни Абулаввом (қозии Миср дар замони Ал-Ҳоким), муаррихи бузурги Миср Амир Мухтор Муҳаммад ибни Убайдуллоҳи Мусаббиҳӣ (вафот 1029), муҳандис ва физикадони номии ислом Ибни Ҳайсам ибни Ҳасани Басрӣ, донишмандони бузурги асри фотимӣ Абуабдулло Муҳаммади Қузоӣ (вафот 1062) аз аз ҷумлаи мударрисон ва қозиён ё донишомӯхтагони барҷастаи Ал-азҳар дар ин давра будаанд.

Ал-азҳар дар аҳди Айюбиён

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ал-азҳар дар аҳди Айюбиён (1172 – 1272): Салоҳуддини Айюбӣ пас аз марги халифа Ал-Озиди Фотимӣ (ҳукмронӣ 1162 – 1172 м.) мазҳаби аҳли суннатро аз нав дар байни ҷомеаи мисрӣ расмият дод. Дар давраи ҳукумати садсолаи Айюбиён эътибори аввалаи Ал-азҳар коҳиш ёфт. Аз ин пас, Ал-азҳар бо тағйири шеваи барномаҳои омӯзишӣ – таблиғӣ дар шумори яке аз ниҳодҳои омӯзишии мазҳабҳои аҳли суннат даромад. Муҷодилоти фирқаӣ сабаб шуд, ки маводи дарсии Ал-азҳар ба улуми динӣ ва масъалаҳои фиқҳию ҳодисӣ маҳдуд шавад. Ҳузури бузургтарин сарояндаи ашъори ирфонӣ ба забони арабӣ Абуҳафс ибни Фаризи Мисрӣ (вафот 1235) дар Ал-азҳар ва ширкати бисёре аз ҳаводорони тасаввуф дар маҳзари ӯ нишонаи равнақи омӯзишҳои суфиёна дар Ал-азҳари аҳди Аюбиён будааст. Қосим ибни Файрам Шотибии Зарир (вафот 1194) – пешвои ҳориёни Миср ва олим дар наҳв ва луғат, Ҳасан ибни Хатири форсӣ – фақеҳи бузурги ҳанафӣ, ки дар риёзиёт, тиб, тафсир ва луғот низ олиме тавоно буд ва Абумуҳаммад Қосим ибни Алӣ ибни Асокир аз ҷумлаи мударрисони Ал-азҳари ин давра будаанд.

Ал-азҳар дар замони мамолики туркзабони баҳрӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ал-азҳар дар замони мамолики туркзабони баҳрӣ (1250 – 1382), бо вуҷуди бегонагии онон бо адаби араб ва улуми исломӣ, ҳамчун пойгоҳу нигаҳбони улуми исломӣ шуҳрат ёфт. Малик Зоҳири Бийбарс (1260 – 77) Ал-азҳарро мисли дигар вайронаҳои баҷомонда аз ҷангҳои салибӣ дар Миср навсозӣ ва мавқуфоташро эҳё кард. Сипас бо ахзи фатвое аз фақеҳони ҳанафӣ, пас аз 100 соли вақфа, дар ҷумъаи 18 рабеъул -аввали 665 хутба ва намози ҷумъа дар ин Ҷомеъ аз нав иқома шуд. Таъйини устодони фиқҳ, ҳадис ва илоҳиёт, таъмини зиндагии мударрисон ва толибилмон, интихоби имоми ҷамоат, эълони аҳкоми давлатӣ барои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар Ал-азҳар ва навсозиҳои пай дар пайи он нишонаи таваҷҷуҳи ҳукмронони ин силсила, махсусан Бийбарс, Ал-Мансур Сайфиддини Қаловун ва Маликулашраф Салоҳиддин ба Ал-азҳар ва бозёфти эътибори аздастрафтаи ин ниҳоди бузурги аҳди фотимӣ будааст. Дар замони Малик Носир дар баробари бозсозии харобиҳои ба Ал-азҳар вориднамудаи зилзилаи соли 702 ҳиҷрии қамарӣ, яке аз амирони вай ба номи Алоуддини Тийбарс барои тадриси фақеҳони шофеӣ дар қисми ғарбии Ал-азҳар мадрасаи Тийбарсияро сохт. Ин мадраса, ки бо гузашти замон дар даруни Ал-азҳар воқеъ шуд, баъдҳо ба китобхонаи ин Ҷомеъ табдил ёфт. Таъсиси мадрасаи Оқ Буғовия дар тарафи чапи Ал-азҳар ва рӯ ба рӯи Тийбарсия, ки он ҳам баъдҳо бахше аз китобхонаи Ал-азҳар шуд ва бинои ҳуҷраҳо барои дарси Қуръони кӯдакони ятим аз дигар иқдомоти анҷомгирифтаи ин давра будааст. Аз гузориши Ибни Батута чунин бармеояд, ки касоне чун Шарафуддини Исо ибни Масъуди Завовии Моликӣ (вафот 1342) – мударриси фиқҳ ва ҳадис ва Қувомуддини Кирмонӣ – соҳиби фатво дар тамомии мазоҳиби аҳли суннат дар Ал-азҳар маҷолиси дарс доштаанд. Ишораи Ибни Батута ба ҷомаи пашмин ва хашин (дурушт) ва амомаи пашмии сиёҳранги Кирмонӣ пӯшиши як устоди Азҳарӣ дар он давраро нишон медиҳад. Дар соли 818 ҳиҷрии қамарӣ шумори толибилмони муқими Ал-азҳар дар равоқҳои аҷамӣ, мағрибӣ, зайлавӣ беш аз 750 нафар будааст, ки аз хайрот ва садақоти афроди некӯкор низ бархурдор буданд.

Ал-азҳар дар асри Усмонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ал-азҳар дар асри Усмонӣ: Султон Салими I (918 – 926 ҳиҷрии қамарӣ), силсилаи мамолики Мисрро барандохт ва хутбаи намози ҷумъа дар Ҷомеъи Ал-азҳар ба номи ин Султони Фотеҳи Усмонӣ, ки худро халифаи мусулмонон мепиндошт, хонда шуд. Аз нимаи дуюми садаи XVII ҳукмронони Усмонӣ, яке аз донишмандони машҳури улуми диниро бо унвони шайх ба риёсати А. бармегумоштанд. Ин суннати машихаи Ал-азҳар, ки реша дар рӯзгори фотимиён дошт, то охири садаи XIX ҳамчунон идома ёфт. Шайх Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Харашӣ (вафот 1690), Иброҳим ибни Муҳаммади Бармовӣ (вафот 1695) ва Муҳаммади Нашратӣ (вафот 1708) аз фақеҳони машҳур ва нахустин машоихи Ал-азҳар дар асри усмонӣ будаанд. Дар ин давра раиси Ал-азҳар бар тамоми умури ин Ҷомеъ муваккалият дошта, ҳар яке аз воҳидҳои маскунии Ал-азҳарро шайхе сарпарастӣ мекардааст. Шайхи Ал-азҳар аз ин ҳангом чандон эътибор дошт, ки илова бар сарпарастии ҳамаи ниҳодҳои омӯзишии Миср, аз мушовирони мавриди эътимоди давлат дар масоили муҳими ин бахш аз қаламрави усмонӣ буд. Ҳангоми таҷовузи сипоҳи Франсия ба Миср (1798) машоихи Ал-азҳар аз Наполеон хос-танд, ки низомиёнаш бо мардум ба нармӣ рафтор кунанд. Наполеон барои ҷалби ризои онон 10 тан аз устодони Ал-азҳарро ба ташкили шӯрое фармон дод, ки риёсати онро Абдуллоҳи Шарқовӣ (вафот 1812) – шайхи Ал-азҳар ба уҳда дошт. Аммо мисриён дар ғиёби Наполеон бар фармондеҳи низомии вай шӯриданд ва ӯро куштанд. Наполеон ночор Ал-азҳарро тирборон кард. Вале, бо вуҷуди ин нобасомониҳо дар ин давра чеҳраҳои саршиноси илмӣ монанди Аҳмади Даманҳурӣ (вафот 1778), – адиб ва муаррих, донандаи илмҳои юнонӣ, ҳисобу ҳандаса, гиёҳшиносӣ ва пизишкӣ, шайх Муҳаммади Нашратӣ – пизишк, файласуф ва муҳандиси ошно ба улуми юнонӣ ва Шариф Қосими Тунисӣ раёсат ва ё устодии Ал-азҳарро бар уҳда доштанд. Бархе аз донишҷӯён ба Европа барои таҳсил фиристода шуданд ва таълими қисме аз фанҳои аврупоӣ дар Ал-азҳар роиҷ гардид. Дар асри Муҳаммад Алӣ пошо ва ҷонишинони ӯ корҳои таълимӣ вусъат гирифтанд. Пас аз Муҳаммад Алӣ сиёсати ӯ дар Ал-азҳар ҳамчунон идома меёфт. Дар ин замон Ал-азҳар 314 мударрис ва наздик ба 10 ҳазор донишҷӯ аз мазҳабҳои аҳли суннат доштааст. Саид Ҷамолуддини Афғонӣ ба Ал-азҳар рӯҳи тозаи озодандешӣ ва ватанпарастиро ворид намуд. Дар баробари ӯ шогирдаш Абду кори ӯро равнақ бахшид. Пас аз Абду барномаҳои ислоҳии ӯ ба воситаи Ҳасуна Навовӣ ва бархе дигар аз мудирони Ал-азҳар ҳамчунон идома ёфт ва аз охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX бо қонунӣ шудани ҳудуди 10 пешниҳоди ислоҳӣ иқдомоти арзандае дар идора ва омӯзиши Ал-азҳар ба амал омад.

Ал-азҳар то нимаи аввали садаи XX

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ал-азҳар то нимаи аввали садаи XX ҳанӯз гирифтори нобасомониҳои молӣ, омӯзишӣ ва карахтии фикрӣ буд ва боздеҳи илмии донишҷӯён пас аз гузарондани 12 сол дар зинаҳои мухталифи таҳсилӣ бисёр ночиз будааст. Мутобиқи қонуни соли 1911 батасвиб-расида ҳайате иборат аз раиси Ал-азҳар ва намояндаи ӯ, муфтии Миср, устодони барҷастаи донишгоҳҳо, намояндагони вазорати дороӣ ва додгустарӣ, маориф, авқоф ва 4 тан аз донишмандони номдор ва устодони машҳур бо унвони «Маҷлис-ул-Азҳар-ал-аъло», идора ва назорат бар кори Ал-азҳарро бар уҳда гирифтанд. Дар соли 1910 Ал-азҳар 10 ҳазор донишҷӯ дар таълимоти ибтидоӣ, миёна ва олӣ, 177 синфхона ва 316 мударрис дошт. Соли 1930 бо қарори Фуод – подшоҳи Миср Ал-азҳар ба донишгоҳи ҷомеъ ва воқеӣ мубаддал шуд. Таълимоти олӣ дар се донишкадаи усули дин, шариати исломӣ ва забони арабӣ барқарор гардид. Бархе аз донишомӯхтагони ин давра ба хориҷ фиристода шуданд ва бо таъсиси чопхона нахустин нашрияи Ал-азҳар бо унвони «Нур-ул-Ислом» ва сипас ба номи «Маҷаллот-ул-Азҳар» мунташир шуд. Соли 1961 «Қонун оид ба тавсиаи донишгоҳи Ал-Азҳар» қабул шуд. Мувофиқи ин қонун имоми аъзам ва вазири шууни донишгоҳро президент таъйин мекунад. Яке аз нуктаҳои муҳими ин қонун дар Ал-азҳар ташкил додани факултетҳои ғайридинӣ буд. Дар Ал-азҳар ҳамагӣ 9 факултет (илоҳиёт ва асосҳои дин, шариат, адабиёт, тиҷорат ва шууни идорат, политехникӣ, хоҷагии қишлоқ, тиб, педагогӣ ва занона) амал мекунад. Дар давраи президентии Ҷамол Абдунносир фаъолияти уламои Академияи омӯзиши исломӣ ба минбари тарғиботи муттаҳидшавии мусулмонҳо, муборизаи зиддиимпериалисӣ ва аз рӯи мавқеи исломӣ асоснок кардани «сотсиализми арабӣ» табдил ёфта буд. Дар ибтидои солҳои 70 садаи XX гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки Ал-азҳарро ба донишгоҳи соф динӣ табдил доданӣ буданд. Ҳоло бошад он яке аз марказҳои асосии барои мамлакатҳои мусулмонӣ тайёр намудани ходимони дин мебошад. Дар Ал-азҳар Академияи омӯзиши мероси исломӣ ва як қатор институтҳою муассисаҳои динӣ низ амал мекунанд. Таълим дар Ал-азҳар се гуна аст: ибтидоӣ, миёна ва олӣ. Муддати таҳсил дар ҳар қисм 4 – 5 сол мебошад.

Ал-азҳари замони муосир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ал-азҳари замони муосир маҷмӯи институтҳои динию илмиест, ки мақсади он ҳимояи шариат, омӯхтани илмҳо ва нашри осори исломӣ мебошад. Дар назди Ал-азҳар Шӯрои олии он амал мекунад, ки вазифааш танзими дарсҳо, машғулиятҳо ва назорат ба рафти таълим мебошад. Шайхи Ал-азҳар саримоми диндорон ба ҳисоб меравад. Истифода аз вуҷуди шахсиятҳои илмие чун Муҳаммад Мозӣ, Муҳаммад Баҳӣ, Муҳаммад Фиҳҳом ва Маҳмуд Ҳуббуллоҳ, ки давраҳои тахассуси илмиро дар Ғарб гузаронда буданд, барои идораи ин донишгоҳ аз ҷумлаи иқдомотест, ки дар ростои эҳёи тафаккури илмӣ ва татбиқи он бо омӯзишҳои суннатии Ал-азҳар анҷом гирифтааст. Соли 1961 ба асоси қонуни нав созмони марказии Ал-азҳар аз 4 ташкилот - «Ал-маҷлис ал-аъло ли-л-Азҳар», «Маҷмаъ-ул-буҳус-ал-исломия», «Идорат-ус-сақофа-ва-л-буҳус-ал-исломия», «Ҷомеат-ул-Азҳар ва ал-Маоҳид ал-Азҳария» ва 6 донишкада – шариат, усули дин, мутолиоти улуми арабӣ, кишоварзӣ, муҳандисӣ ва пизишкӣ ташкил шуд. Ҷомеъ-ул-Азҳар низ аз ин замон ба «Ҷомеат-ул-Азҳар» тағйири ном кард. Дар соли 1962 донишкадаи духтарон низ фаъолияти илмӣ – омӯзишии худро дар ин маҷмӯаи донишгоҳӣ оғоз кард. Дар соли 1954 ҳайати давлати Миср бунёди шаҳраки донишгоҳӣ барои истифодаи устодон ва донишҷӯёнро тадорук дод. Дар вақтҳои охир Ал-азҳар наздик ба 3 ҳазор донишҷӯро аз 65 кишвари хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта будааст. Ин донишгоҳ ҳанӯз ҳам дар байни донишгоҳҳои ҷаҳони ислом машҳуртарин мебошад. Ал-азҳар имрӯз кӯшиш дорад, ки омӯзишҳои динӣ ва суннатии роиҷ дар як ҳазор сол пешро бо донишу технологияи дунёи имрӯз пайванд диҳад.

  • Ибни Батута, Сафарнома. Тарҷумаи Муҳаммад Алии Мувоҳҳад, Т., 1982;
  • Ибни Халдун, Ал-Ибар, Т., 1992;
  • Аҳмад Амин, Зуҳр-ул-ислом, Бейрут, 1388 ҳ.-қ;
  • Ҳасан Иброҳим Ҳасан, Таърих-уд-давла-ал-фотимия, Миср, 1964;
  • Сайфи Озод Абдурраҳмон, Таърихи Хулафои Фотимӣ, Т., 1963;
  • Муҳаммад Тантовӣ, «Ал-Азҳар», Кувайт, 1392 ҳ. қ;
  • Абдурраҳим Ғанима, «Таърихи донишгоҳҳои бузурги исломӣ». Тарҷумаи Нуруллоҳи Кисоӣ, Т., 1986;
  • Суод Моҳир Муҳаммад, Масоҷиди Миср, 1971; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 8, чопи аввал, Т., 1999.