Амалисозии ҳуқуқ
Амалисозии ҳуқуқ - дар ҳаёт ҷорӣ шудани ҳуқуқ, таҷассуми воқеии меъёрҳои ҳукуқ дар фаъолияти амалии субъектҳои ҳуқуқ аст. Амалисозии ҳукуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) чун ҷараёни амалӣ кардани ҳуқуқ ва 2) ҳамчун натиҷаи дар ҳаёт ҷорӣ гардидани нишондодҳои ҳуқуқ. Амалисозӣ чун ҷараёни муназзам якчанд амалиёти субъектҳои ҳуқуқро оид ба ҷорӣ кардани талаботҳои ҳуқуқ дар ҳаёти воқеӣ дар бар мегирад. Амалисозӣ зинаи (нуқтаи) ниҳоии амали воқеии ҳуқуқро дар назар дорад, ки дар қонунҳои қабулшуда пешбинӣ шудааст. Амалисозии ҳуқуқ намудҳои гуногун дорад: 1. Вобаста ба мазмуни меъёрҳои ҳукуқ амалисозии онҳо (ин меъёрҳо) се намуди алоҳида дорад: 1) истифодаи ҳуқуқ (иҷрои меъёрҳои ҳуқукдиҳанда); 2) риояи ҳуқуқ(риояи меъёрҳои манъкунанда); 3) иҷрои ҳуқуқ (иҷрои меъёрҳои вазифадоркунанда). 2. Вобаста ба таркиби микдории субъектҳои амалисозӣ ду намуди амаликунии Ҳуқуқ ҳаст: 1) фардӣ ва 2) коллективӣ.3. Аз рӯйи сатҳи ҷорӣ шудани ҳуқуқ амалисозӣ намудҳои зайл дорад: 1) амаликунии нуқтаҳои умумии ҳуқуқ, ки дар муқаддимаи қонунҳо инъикос шудаанд; 2) амаликунии моддаҳое, ки вазифаҳо ва принсипҳои ҳуқукро муайян мекунанд; 3) амаликунии меъёрҳое, ки ҳолати ҳукуқии мақомоти давлатиро пешбинӣ кардаанд; 4) амаликунии меъёрҳои мушаххас. 4. Вобаста ба алоқа бо муносибатҳои ҳуқуқӣ амалисозӣ ба ду намуди мустакил ҷудо мешавад: 1) амаликунии меъёрҳои ҳукук бидуни муносибатҳои ҳуқуқӣ ва 2) вобаста ба (дар ҷараёни) муносибатҳои ҳуқуқӣ.[1].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.43