Амалия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Амалияфаъолияти моддӣ, ҳиссию ашёӣ ва мақсадноки инсон, ки ҳадафаш дарк намудану тағйир додани объектҳои табиию иҷтимоӣ буда, асоси муштараку қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи ҷамъият ва маърифати инсонӣ мебошад.

Тавсиф[вироиш]

Амалия ҷиҳату дараҷаҳои гуногун дорад. Он ба маънои васеаш ҳамаи навъҳои фаъолияти ҳиссию ашёии инсонро мефаҳмонад. Шаклҳои асосии фаъолияти амалии одамон истеҳсоли неъматҳои моддӣ (меҳнат) ва фаъолияти иҷтимоии дигаргунсозандаи револютсионии омма барои тағйир додани муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар зери мафҳуми амалия, пеш аз ҳама, фаъолияти муштараки инсоният, таҷрибаи он дар ҷараёни инкишофи таърихиаш фаҳмида мешавад. Фаъ олияти амалӣ чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати тарзи зоҳиршавиаш хусусияти ҷамъиятӣ дорад. Амалияи муосир натиҷаи таърихи умумиҷаҳонист, ки робитаи гуногуни беохири мутақобилаи одамон ва муносибати онҳоро бо табиат дар ҷараёни истеҳсолоти моддиву маънавӣ ифода мекунад. Амалияи ҷамъиятӣ бо фаъолияти маърифатии инсон ва назария умумият дорад. Он сарчашмаи маърифати илмӣ ва муҳаррики он мебошад. Амалия субъекти фаъолияти маърифатиро ташаккул дода, сохту мазмун ва самти тафаккури онро муайян мекунад. Амалия объективӣ будани мазмуни донишро асоснок мекунад ва меъёри асосии фаҳмидани дурустии ҷараёни дониш мебошад: «Нуқтаи назари ҳаёт» ва амалия бояд нуқтаи назари аввалин ва асоси назарияи дониш бошад» (Владимир Илич Ленин). Танҳо ҳамон натиҷаҳои дониш, ки дар амалия борҳо собит шудаанд, аҳамияти объективӣ пайдо мекунанд. Донишҳои илмӣ танҳо ҳамон вақт маънои ҳаётӣ мегиранд, ки дар амал татбиқ мешаванд. Мақсади ниҳоии маърифат худи дониш набуда, дигаргунсозии амалии воқеият барои қонеъ кардани талаботи моддию маънавии фарду ҷамъият аст.

Фаъолияти амалии одамон ва муносибати онҳо ба маърифат дар таърихи фалсафа борҳо баррасӣ шудаанд. Дар фалсафаи томарксистӣ, ки материализм муносибати муроқибавӣ ба олам дошт, дар соҳаи маърифат асосан идеализм ривоҷ меёфт. Он фаъолияту эҷодкориро танҳо дар рӯҳ маҳдуд сохт. Масалан, ба ақидаи Гегел амалия «фаъолияти иродавии идея» ба шумор мерафт. Идеалистони субъективӣ дар зери мафҳуми амалия фаъолияти аз рӯи иродаю ҳадс суратёфтаро мефаҳмиданд. Камбудии асосии фаҳмиши идеалистии амалия мутлақгардонии метафизикии лаҳзаҳои ғоявию рӯҳии фаъолияти ҳиссию амалӣ мебошад. Хизмати бузурги марксизм дар он аст, ки аввалин бор амалияро ба назарияи маърифат ҷорӣ кард.

Азбаски фаъолияти амалӣ хусусияти даркшавандагӣ дорад, ибтидои рӯҳӣ лаҳзаи зарурии он мебошад. Таълимоте, ки фаъолияти моддию амалӣ ва рӯҳию назариро аз ҳам ҷудо мекунад, барои материализми диалектикӣ бегона аст. Байни ин навъҳои фаъолият ягонагии ногусастанӣ вуҷуд дорад. Вале ин маънои онро надорад, ки фаъолияти рӯҳӣ шакли амалия аст. Фаъолияти амалӣ бо ёрии воситаҳои моддӣ сурат гирифта, маҳсулоти моддиро ба вуҷуд меоварад, фаъолияти рӯҳӣ бошад, ба воситаи образу мафҳумҳо ақидаву ғояҳоро ба вуҷуд меоварад. Назария ва амалия ваҳдати тазодҳоест, ки амалия дар он мақоми ҳалкунанда дорад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]