Jump to content

Амалияи ҳуқуқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амалияи ҳуқуқӣ - таҷрибаи мусбии фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки дар ҷараёни ҳукуқэҷодкунӣ, татбиқи нишондодҳои ҳуқуқӣ ва амалисозии ҳуқуқ ба вуҷуд меояд. Амалияи ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдорро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи он нишондодҳои ҳуқуқӣ, расмӣ муайян мешаванд. Дар ҷараёни мушаххас гардонидани онҳо вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ амалияи ҳуқуқтатбиқсозанда ба вуҷуд меояд. Амалияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар рафти амалисозии нишондодҳои ҳуқуқӣ, мушаххас гардонидани ҳуқуқу вазифаҳо аз ҷониби онҳо пайдо мешавад. Мазмуни онро танҳо рафторҳои қонунии шаҳрвандон ташкил медиҳанд, аз қабили иштироки фаъолона дар раъйпурсӣ ва интихобот, бастани шартномаҳо ва м.и. Амалияи ҳукуқтатбиқсозӣ намудҳои гуногун дорад, ба монанди амалияи прокурорӣ, судӣ, тафтишотӣ, нотариалӣ ва ғ.[1].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.43