Амалиёти технологӣ
Амалиёти технологӣ — қисми раванди технологӣ, ки коргар ва ё гурӯҳи коргарон дар як коргоҳ, дар шароити истеҳсолоти автоматӣ бошад, бе иштироки коргарон ё таҳти назорати онҳо иҷро мекунанд.
Амалиёти технологӣ автоматӣ, нимавтоматӣ, мошинӣ, мошиниву дастӣ мешавад. Амалиёти технологӣ бо тағйирнопазирии объекти истеҳсолот ва таҷҳизот ифода меёбад. Амалиёти технологӣ барои муайян кардани ҳосилнокӣ ва банақшагирии кори таҷҳизот, истифода намудани афзору асбоб, назорати сифат ва муҳлати иҷроиши кор, инчунин барои меъёрбандии техникаи меҳнат воҳиди асосии ҳисобу китоб ба шумор меравад.
Дар шароити истеҳсолоти автоматонидашуда амалиёти технологӣ қисми анҷомёфтаи раванди технологиест, ки муттасил дар хати автоматии иборат аз якчанд дастгоҳи бо олоти нақлиётию таҳвилӣ бо ҳам пайвастшуда иҷро карда мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амалиёти технологӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.