Аметист

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аметист
Кристалл аметиста 39x29х18 см. (Веракрус, Мексика)
Формула SiO2 (кремнезём)
Примесь Fe2+, Fe3+
Физические свойства
Цвет Фиолетовый до бледного красновато-фиолетового
Цвет черты Белый
Блеск Стеклянный, перламутровый
Прозрачность Прозрачен
Твёрдость 7
Спайность Отсутствует
Излом Раковистый; довольно хрупок
Плотность 2,63 - 2,65 г/см³
Сингония Тригональная
Показатель преломления 1,543 - 1,554

Амети́ст (юн.-қад. αμέθυστος, аз α- «не» + μέθυστος «бадмаст»), ҷамастминерал, як навъи кварс (SiO2). Рангаш бунафш, ё бунафши сурхчатоб ё бунафши осмонӣ буда, дар рӯшноӣ онро дигар мекунад. Вобаста ба кон рангаш дар рӯшноӣ устувор мебошад ё мепарад. Ҳангоми то 250°С тафсонидан рангаш дигар мешавад. Асосан дар пегматитҳои гранитӣ, рагҳои кварсӣ, ковокиҳои ҷинсҳои вулқонӣ вомехӯрад. Кристаллҳояш аз қабатҳои ҳамвориҳои призма ва ромбоэдр ташшаккул ёфтаанд. Аз ҳама намудҳои кварс аметист бештар рӯяҳои ромбоэдр дорад. Сингонияаш – тригоналӣ. Сахтиаш аз рӯи ҷадвали Моос – 7. Зичиаш 2630 – 2650 кг/м3. Нишондиҳандаи шикаст 1,543–1,554. Конҳои аметист дар Русия, Бразилия, Шри Ланка, Уругвай, Арманистон мавҷуданд. Тибқи ривоятҳои қадима аметист касро аз бадмастӣ нигоҳ медорад. Аметистро ба таври сунъӣ низ ҳосил мекунанд, ки аз табииаш фарқ кардан хеле душвор аст. Аметисти сунъи андозааш то 30 см-ро ҳосил кардаанд. Беҳтарин намунаҳои аметисти табиӣ ва сунъиро дар заргарӣ истифода мебаранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]