Jump to content

Амина (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Амина Маҳмудова)
Амина (шоир)

Амина (Амина Маҳмудова; 5. 5. 1910, Бухоро — 18.1.1978, Душанбе) — шоираи тоҷик. Ҳамсари асосгузори театри касбии тоҷик Маҳмуд Ҳомид.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби ҳизбию шӯравии ш. Самарқандро соли 1929 хатм карда, ҳамон сол ҳамроҳи шавҳараш барои иқомати доимӣ ба ш. Душанбе кӯчид. Дар ш. Душанбе аввал дар идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» (аз соли 1931) дар вазифа ходими адабӣ ва аз соли 1934 дар маҷаллаи занон — «Бо роҳи ленинӣ» (ҳоло «Фирӯза») кор кардааст. А. вакили Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон (10 майи 1934) буд ва ҳамчунин дар таъсиси ИН Тоҷикистон иштирок дош- тааст. Дар ин Анҷуман А. дар радифи устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Ғ. Абдулло, Р. Ҳошим, Р. Ҷалил, М. Миршакар узви ҳайати Идораи марказии ИН Тоҷикистон интихоб гардидааст. Мавзӯи ашъори А. аксаран иҷтимоиву лирикӣ буда, заҳмати коргарону деҳқонон, зебоиҳои фаслҳои сол ва муҳаббати ҷавониро васф кардааст. Шеърҳои «Обу ободонӣ», «Аз саргузашти як мазлума», «Фаъолият намоед», «Ба колхозчиён» ва амсоли инҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар бораи ҳаёту фаъолияти А. дар китобҳои Т. Усмон «Бисту се адиба», М. Шоҳҳусайнӣ «Ҳафт шаҳри ишқ», А. Набавӣ «Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагон» маълумот дода шудааст.