Jump to content

Аминии Хиёбонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аминии Хиёбонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Аминии Хиёбонӣ (охири садаи 16 – ибт. садаи 17) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ба қавли тазкиранигор Хоҷа Ҳасани Нисорӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») Аминии Хиёбонӣ аз шоирони боистеъдод буда, муаммо мегуфтааст, дар кушодани муаммо маҳорат доштааст. Аз девонаш иттилое нест.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абёти зерин аз ӯст:

Чунонки хатти лабат тоза мекунад ҷонро,
Касе дигар чӣ кунад Хизру Оби ҳайвонро.
Агар ба хатти ту зад лоф мушки Чин,ту маранҷ,
Ки аз камоли хато гуфт ин парешонро.
Ба даври ҳусни ту шуд дидаҳо чу абри баҳор,
Ки ҳаст хосияти мавсими баҳоронро.
Аминиё, зи Бухоро марав ба ҷойи дигар,
Мадеҳ ба равзаи ҷаннат сари хиёбонро.