Jump to content

Аминона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аминона — навъе аз молиёт, ки дар Аморати Бухоро, вилоятҳои Самарқанду Фарғона то Инқилоби Октябр маъмул буд.

Шароити амал

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аминона аз ҷумлаи андозҳои ғайришаръӣ буда, асосан барои хазинаи давлат ва ҳамчунин ҷиҳати таъминоти амини бозор (маъмури амволу ашё) ситонда мешуд. Шароити амал, таъйини ҳаҷм ва андозаи аминона дар ҳамаи шаҳрҳову бозорҳо дақиқан маълум нест, аммо фақеҳони исломӣ ҳаҷми аминонаро дар бозорҳои Бухоро баробари 1 ё 1,5 дар сади нархи куллии мол таъйин карда буданд. Аминона тақр. аз ҳамаи амволе, ки ба бозорҳо ворид мешуданд, ситонда мешуд (мас., соли 1920 аз фурӯши 2 батман пахта 11,5 танга; аз 1 батман пашми гӯсфанд — 5 — 7 танга; аз 1 сар шутур 2 танга молиёт мегирифтанд). Ҳарчанд Аминона андози ғайришаръӣ ва барои амволи тиҷорат пешбинӣ шуда бошад ҳам, вале давлат бо ҳар баҳона (барои хароҷоти ҷанг, ҷиҳати омодагӣ ба юришҳо ва ғайра) аз раият меситонд. Адои аминона барои мардум хеле гарон ва тоқатфарсо буд. Ин вазъро шоҳиди ҳамон давраи таърих Аҳмади Дониш чунин навишта буд: «Лекин фуқарою раоёро маҷоли ҳаракату сукун набуда, аз фарти зулму заҷр ва олуқу солуқ, мисли аминона ва вакилона».

  • Маджлисов А., Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX веке, Д., — Алма-Ата, 1967;
  • Аҳмад Махдуми Дониш, Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития, Д., 1992.