Амин Аҳмади Розӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | асри XVI |
---|---|
Таърихи даргузашт: | асри XVII |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | ҷуғрофиёдон |
Амин Аҳмади Розӣ (форсӣ: امین احمد رازی; қарни XVI — қарни XVII) — шоир, адиб ва муаррихи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Оид ба худаш дар тазкирааш «Ҳафт иқлим» маълумот додааст. Аз оилаи шахси сарватманд буд. Дар зодгоҳаш ш. Рай таҳсил карда, ба камол расидааст. То соли 1577 сокини шаҳри Исфаҳон буд. Баъдан ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард ва ба хидмати дарбори шоҳ Акбар (ҳукмр. 1556—1605) роҳ ёфт. Дар ҳамин давра китоби «Ҳафт иқлим»-ро навишт.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]Абёти зерин аз ӯст:
Ман, ки ба ғаввосии ин баҳри жарф,
Хуни ҷигар хӯрдаам аз ҳарф-ҳарф.
Табъи сухансанҷ шиносад, ки чист,
Кӯр чӣ донад, ки дар ин хона кист…
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амин Аҳмади Розӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.