Jump to content

Амирӣ (навъи себ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амирӣ — навъе аз себҳои маҳаллии пешпазак; селексияи халқист. Мевааш гирда, нӯгаш паҳн, сафеди ширмонанд, қисми болои тарафи офтобрасаш тобиши гулобӣ дорад. Пӯсташ суфтаи шаффоф, мағзаш сахти карсосӣ, сершираи нордон, вазнаш 75 – 80 г; авв. июл мепазад (аз шамол мерезад). Ҳангоми пухта гузаштан мевааш пахтамонанди бешира мегардад. Дарахти 15 – 20-солааш то 150 кг ҳосил медиҳад. Дар баъзе деҳаҳои водии Ҳисор парвариш мекунанд. Асосан барои тархӯрӣ истифода мешавад.

  • Викторовский Г. П., Плодовые ресурсы Бухарской республики. Всесоюзный институт растениеводство, ВАСХНИЛ, XIV, Л., 1936.