Jump to content

Амир Арслон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амир Арслон
Жанр Адабиёти форс-тоҷик

«Амир Арслон» (форсӣ: امیر ارسلان نامدار‎) — достони омиёнаест, ки дар садаи XIX дар Эрон аз ҷониби Муҳаммадалии Нақибулмамолик — сардори достонгӯёни дарбори Носируддиншоҳ офарида ва нақл шудааст. Ҳамин достони Муҳаммадалии Нақибулмамолик китобат шуд ва дастраси хонанда гардид.

Хулосаи достон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сужети мухтасари «Амир Арслон» чунин аст: Нӯъмон ном тоҷир дар ҷазирае зани подшоҳи Рум (Фаранг) Маликшоҳро меёбад ва ба Миср мебарад. Зан ҳомиладор буд. Пас аз муддате писар таваллуд мекунад ва номашро Арслон мегузорад. Арслон паҳлавони номдор мешавад. Вай сафири шоҳи Фарангро, ки барои бурдани ӯ омада буд, ба қатл мерасонад; лашкари Фарангро шикаст дода, ба тахти падар менишинад. Дар яке аз калисоҳо акси духтари зебоеро мебинад ва ба ӯ ошиқ мешавад. Пас аз ҷустуҷӯ ва рафъи мушкилоти зиёд (ошкор сохтани хиёнати вазирон, задухӯрд бо девҳову аҷинаҳо) ба висоли дилдодааш мерасад.

Аз таҳқиқоти доир ба ин асар ба анҷомрасида бармеояд, ки «Амир Арслон» сирф офаридаи Муҳаммадалӣ нест. Вай дар тадвини он аз «Ширӯя» ном достоне, ки дар он замон шуҳрат дошт, истифода кардааст. Муҳаммадалӣ аз «Ширӯя» лаҳзаҳои такрор, ноҳамвориҳоро дар банду баст рафъ намудааст, тасвирҳоро муҷаз кардааст. Инчунин, ба назар мерасад, ки аз достонҳои «Абумуслимнома», «Амир Ҳамза» истифода бурдааст. Ғояи асосии «Амир Арслон» муборизаи некию бадист. Қаҳрамони достон инсони фаъолу мушкилкушост. Ӯ бар зидди нерӯҳои бад далерона ҷангида, бо ёрии хиради хеш пирӯзӣ ба даст меоварад.

  • Дорри Дж., «Амир Арслан» и его место среди иранских народных дастанов, дар кит. Теоретические проблемы восточных литератур, М., 1969.