Jump to content

Амир Боқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амир Боқӣ
Навъи фаъолият: шоир

Амир Боқӣ (с. тав. ва ваф. номаълум) — шоири тоҷик (а. 16).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Косон ба дунё омадааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-аҳбоб» аз Амир Боқӣ чун шоири фозилу рангинбаён ёд кардааст. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои осораш дар тазкираҳо ба назар мерасанд Байти зерин аз ӯст:

Килки таҳрирам ҳама гулҳои тар овард бор,
Кас надидаст аз найи хушке, ки орад бори гул.