Амир Давлатёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амир Давлатёр

Амир Давлатёр (с. тав. ва ваф. номаълум) — мусаввири форс-тоҷик (а. 14). Баъди дар санъати мусаввирӣ шуҳрат ёфтан ба дарбори Султон Абусаид даъват гардид. Дар он ҷо бо устод Аҳмади Мусо дӯст шуда, нозукиҳои ҳунари мусаввириро аз ӯ омӯхтааст. Амир Давлатёр бештар дар кашидани тасвирҳои сиёҳқаламӣ (графика) истеъдоди хуб доштааст. Аз осори ӯ то замони мо чизе нарасидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]