Мираки Наққош
Зоҳир
(Тағйири масир аз Амир Рӯҳуллоҳ)
Таърихи таваллуд | асри XV |
---|---|
Мамлакат: |
Амир Рӯҳуллоҳ маъруф ба Мираки Наққош (? — 1507) — хаттот ва рассоми форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҳирот ба воя расидааст. Дар овони ҷавонӣ ба камонсозӣ машғул шуда, чанд муддат аз катибанависӣ бар иморатҳо низ рӯз гузарондааст. Баъди шиносоӣ бо наққоши номии замонаш Мавлоно Валиуллоҳ аз ӯ хаттотӣ ва зарфишониро омӯхт. Ба санъати тасвирӣ рағбат пайдо карда, дар ин соҳа ягонаи замон гардид. Амир Рӯҳуллоҳ устоди Камолуддин Беҳзод аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амир Рӯҳуллоҳ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.