Амир Шоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амир Шоҳӣ

Амир Шоҳӣ (Мавлоно Амир Шоҳии Хонанда, номи аслиаш Малик ибни Ҷалолуддини Фирӯзкӯҳӣ; 1521, Сабзавор1602, Ҳиндустон) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, сароянда ва шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Амир Шоҳӣ аввалҳо дар зодгоҳаш, баъд дар шаҳрҳои Ҳирот, Бухоро ва ғ. дар баробари илмҳои замонаш асосҳои назарӣ ва амалии санъати мусиқиро меомӯзад. ӯ дар навохтани созҳои тории камониву захмавӣ (барбат, қонун, рубоб) маҳорати тамом дошт ва барои ин созҳо силсилаи асарҳои дилнишини мусиқӣ офаридааст. Амир Шоҳӣ муддате дар дарбори Бобур хидмат карда, асарҳои бисёре эҷод намудааст. «Амали Шаҳриёри Ҷаҳон» (бар усули «Чанбар» ба мақоми «Наво», матни худи Амир Шоҳӣ) аз ҷумлаи беҳтарин асарҳои ӯ мебошад. Амир Шоҳӣ аз хубтарин хушнависони давраш буда, бисёр китобҳоро оро додааст. Бо тахаллуси «Шоҳӣ» ғазалу рубоиёти некӯ гуфтааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Ту шаҳриёри ҷаҳон, мо ғариби шаҳри туем,
Ватан гузошта бехонумон зи баҳри туем.
Давои дил нашавад нӯши Ҷоми Ҷам моро,
Ки нозпарвари паймонаҳои заҳри туем

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов А., Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI – XVII, Д., 2007.