Амир Ҳайдар Балгиромӣ
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Амир Ҳайдар Балгиромӣ (1752, Балгиром – 1802, Муршидобод) — фақеҳи ҳанафӣ, таърихнигор, шоир ва наҳвии форсизабони Ҳиндустон.
Пас аз омӯзиши илмҳои мутадовили замон аз тарафи ширкати Ҳинди Шарқӣ дар Калкутта муфтӣ ва қозии кул таъйин гардид. Дар масоили фиқҳу қазоват заковати қавӣ ва дар байни мардум обрӯву эътибор дошт. Ба қалами Б. “Рисола дар аҳкоми ушру хироҷи моликони замин ва баёни ошир” тааллуқ дорад, ки с. 1797 дар Калкутта ба забони англисӣ ба табъ расид. Яке аз осори пурарзиши Б. “Таҳқиқ-ул-истилоҳот” – фарҳангномаи алифбоист, ки дар он вожаву истилоҳоти адабӣ, ирфонӣ, каломӣ, кинояву истиораҳо шарҳ ёфтаанд. Аз девони шоирони эронию ҳиндӣ калимаву истилоҳоти тафсирталабро ҷамъ оварда, абёти гуногунро чун шоҳиди луғавӣ ҷой дода, дар бораи баъзе шоирон маълумоти мухтасар дарҷ намудааст. “Савонеҳи Акбарӣ”-и Б. дар бораи Акбар аз таваллуд то 24-солагиаш, (с. 1579), ки ба тахт нишаст, маълумот медиҳад. Б. девони ашъор, ду асари забоншиносӣ – «Мунтахаб-ус-сарф» ва «Мунтахаб-ун-наҳв» ҳам эҷод кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- . دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ۱۲. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Балгиромӣ, Амир Ҳайдар / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.