Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Амитоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амито́з, ё тақсимшавии мустақими ядро (аз юн.-қад. ἀ- — ҳиссачаи инкорӣ ва μίτος — «тор», «нах») — яке аз роҳҳои қисмат шудани ҳуҷайра.

Бори нахуст соли 1841 зистшиноси олмонӣ Роберт Ремак тавсиф кардааст. Истилоҳи амитозро соли 1882 бофтшиноси олмонӣ Валтер Флемминг пешниҳод намуд. Ҳангоми амитоз пардаи ядро ва ядроча вайрон, фаъолияти хромосомаҳо халалдор ва ҷисми ҳуҷайра тақсим намешавад. Амитоз, одатан, ба тақсимшавии баробари ядро ва унсурҳои ҷудогонаи он мусоидат намекунад. Амитоз баъди эндомитоз ба вуҷуд меояд. Аксаран ҳангоми амитоз танҳо ядро тақсим шуда, ҳуҷайраи дуядро (дар натиҷаи такрор ёфтани амитоз ҳуҷайраҳои серядро) ҳосил мешаванд. Бисёр ҳуҷайраҳои дуядро ва сер- ядро маҳсули амитоз (баъзе ҳуҷайраҳои дуядро ҳангоми тақсимшавии митозии ядро бидуни тақсимшавии ҷисми ҳуҷайра ҳосил мешаванд) буда, дастаи хромосомаҳои полиплоидӣ доранд. Дар вақти амитоз ҳуҷайра фаъолияти худро, ки ҳангоми митоз қариб тамоман аз даст медиҳад, нигоҳ медорад. Амитоз акси митоз аст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Биологический энциклопедический словарь, М., 1986;
  • Тришин В. Н., Словарь синонимов ASIS, М., 2009.