Аммонитҳо
Аммонитҳо | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Ammonoidea Zittel, 1884 | ||||||||
Таксонҳои хоҳар | ||||||||
|
||||||||
|
Аммонитҳо(лот. Ammonoidea) — як навъ ҷонварони бемуҳраи мунқариз. Аз давраи девон то давраи табошар зиндагӣ кардаанд.
Аммонитҳо гӯшмоҳии гуногун доштанд, ки бо девораҳои кӯндаланг ҷудо шуда буд. Ҳар девора ҳуҷраро мемонд. Дар ҳуҷраи охир, ки бо даҳон тамом мешуд, танаи нарми ҷонвар ҷойгир шуда буд. Ҳуҷраҳои дигар бо газ пур буда, вазифаи ҷиҳози гидростатикиро иҷро мекарданд. Ҳуҷраҳо бо ҳамдигар ба воситаи ғуррии бандакмонанди танаи нарм бо рагҳои хунгард, ки низоми мӯътадили газро дар қисмҳои бадан таъмин менамуданд, пайваст буданд. Қутри гӯшмоҳӣ то 2 м буд. Аммонитҳо дар баҳрҳо сукунат доштанд. Яке нағз шино мекард, дигаре хазида ҳаракат менамуд. Аммонитҳо барои аниқ кардани қонуниятҳои инкишофи фардии организм (онтогенез) ва таносуби он бо филогенез муҳим аст, зеро ҳама қисмҳои гӯшмоҳии аммонитҳо дар ҷараёни онтогенез сахт тағйир ёфтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аммонитҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.