Аммонификатсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аммонификатсия (аз аммоний ва лот. facio – мекунам) — раванди таҷзияи моддаҳои органикии нитрогендор, ки ҳангоми он аммиак ҷудо мешавад.

Аммонификатсия дар гардиши нитроген дар табиат ва тағзияи растаниҳо аҳамияти калон дорад. Дар ҷараёни аммонификатсия нитрогени пайвастҳои органикии хок (гумус, нуриҳои органикӣ, боқимондаи растаниҳо, ҷасади ҳайвоноти мурдарафта ва микроорганизмҳо) барои ғизои растаниҳо мувофиқ мегардад. Аммонификатсияи сафедаҳо бо ёрии бактерияҳои пӯсонандаи хок, инчунин баъзе актиномисетҳо ва занбӯруғҳо ба амал бароварда мешавад. Аммиаки ихроҷгаштаро қисман худи микроорганизмҳо азхуд мекунанд; қисми дигари он зери таъсири кислотаҳои органикӣ ва ноорганикии хок мӯътадил гашта, ба намаки аммоний табдил меёбад. Аммонификатсия дар шароити аэробӣ ва анаэробӣ сурат мегирад. Ҳангоми дар шароити анаэробӣ рух додани он моддаҳои иловагие ҳосил мешаванд, ки барои растаниҳо зарар доранд.

Баъзе моддаҳои дигар низ аммонификатсия мешаванд. Mac., дар роҳи ҳозимаи тӯқумшуллук ферменти хитиназа мавҷуд аст. Он хитин ва хитозинро таҷзия мекунад. Аз хитин то 80% N-атсетилглюкозамин ва аз хитозин полиглюкозаминҳои хурдмолекула ҳосил мешаванд. Карбамидро уробактерияҳо таҷзия карда, аммиак ва гази карбонат ҳосил менамоянд. Дар таҷзияи гумус як қатор микробҳо, аз ҷумла аммонификаторҳо ширкат меварзанд. Пуринҳо ва примидинҳо низ аммонификатсия мешаванд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]