Аммофос
Аммофос — навъе аз нуриҳои нитрогену фосфордор.
Истеҳсол
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар натиҷаи нейтрализатсияи кислотаи фосфат бо аммиак ҳосил мекунанд. Асосан аз омехтаи моноаммонийфосфат NH4H2PO4 ва каме диаммонийфосфат (NH4)2 НРО4 иборат аст. Дар об нағз ҳал мешавад. Камнамак аст, сахт намешавад, чанг намекунад, зуд пош мехӯрад. Дар хокҳои гуногун (хусусан сиёҳхок ва хокҳои хокистарранг) чун нурии асосӣ ва ғизои иловагӣ истифода бурдан мумкин. Нурии бебаҳо барои зироати техникӣ (пахта, лаблабу ва ғайра) аст. Таносуби зиёди миқдории нитрогену фосфори аммофос бисёр вақт зарурати илова намудани нуриҳои нитрогендорро ба миён меоварад. Барои истеҳсоли нуриҳои минералии омехта ва мураккаб унсури беҳамтост.
Сари вақт ба хок андохтани аммофос зироатро сармобардор мекунад, ташаккул ва пухта расидани ҳосилро метезонад. Дар таркиби аммофос омехтаҳои зарарнок вуҷуд надоранд. Меъёр, муҳлат ва тарзи истифодааш ба дигар нуриҳои фосфордор монанд аст. Аммофосро дар халтаҳои коғазӣ нигоҳ медоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Трапезников В. К., Локальное питание растений, Уфа, 1999;
- Ефимов В. Н., Система удобрения, М., 2003;
- Эффективность применения средств химизации и ресурсосберегающие технология в сельском хозяйстве, Казань, 2005.