Аммиак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аммиак
Аммиак
Общие
Хим. формула NH3
Физические свойства
Состояние газ
Молярная масса 17.0306 г/моль
Плотность Шаблон:Физ.величина
Энергия ионизации 10,18 ± 0,01 electronvolt[1] ва 0 Ҷ[2]
Термические свойства
Т. плав. Шаблон:Физ.величина
Т. кип. -33.34 °C
Т. свспл. 651 ± 1 °С[3]
Пр. взрв. 15 ± 1 % (V/V)[1]
Кр. точка 132.25 °C
Энтальпия образования -45.94 кДж/моль
Давление пара 8,5 ± 0,1 standard atmosphere[1]
Химические свойства
pKa 9.21
Растворимость в воде Шаблон:Физ.величина
Таркиб
Дипольный момент 0 coulomb metre[2]
Таснифот
Рег. номер CAS [7664-41-7]
PubChem
Рег. номер EINECS 231-635-3
SMILES
InChI
RTECS BO0875000
ChEBI 16134
Номер ООН 1005
ChemSpider
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Аммиак (аз юн. hals ammoniakos – навшодир), NH3, пайвасти содатарини нитроген бо ҳидроген. Дар табиат дар натиҷаи таҷзияи моддаҳои нитрогендори органикӣ ҳосил мешавад.

Хосияти физикӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Амиак гази беранг буда, бӯи тези нафасгир дорад; зичиаш 0,7714 кг/м3, ҳарор. ҷӯшиш –33, 35°С, ҳарорати гудозиш –77, 70°С. Омехтаи аммиаки хушк бо ҳаво метаркад.

Хосияти кимиёӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аммиак моддаи хеле фаъол аст. Аз ҳисоби ҷуфти электронҳои тақсимнагаштаи нитроген ба реаксия медарояд. Бинобар ба молекулаи аммиак пайваст гаштани протон иони аммоний NH+4 ҳосил мешавад. Он ҳамчун иони металлҳои ишқорӣ бо об ва аниони кислотаҳо пайваст шуда, гидроксиди аммоний NH4OH ва намак ҳосил мекунад. Барои аммиак реаксияи ҷойгирӣ низ хос аст. Металлҳои ишқорӣ ва ишқорзаминӣ бо аммиаки моеъ ё газшакл ба реаксия дохил шуда нитрид (Na3N) ё амид (NaNН2) ҳосил мекунанд. Аммиак бо сулфур, галогенҳо, карбон, СО2 ва ғ. низ ба реаксия медарояд. Дар лаборатория аммиакро дар натиҷаи бо оҳаки шукуфта гарм кардани хлориди аммоний ҳосил мекунанд.

2NH4C1+Са(ОН)2 = СаСl2+2H2О+2NH3

Ҳоло аммиак аз нитроген ва гидроген синтез карда мешавад. Усули мазкур, ки олими немис Ф. Габер (1908) пешниҳод кардааст, дар Комб. нуриҳои нитрогендори Вахш истифода мегардад. Усули нисбатан камхарҷи синтези аммиак конверсияи газҳои карбогидридӣ мебошад. Дар мавриди он чун ашёи хом гази табиӣ ва газҳои ҳамроҳи нефт дучороянда ба кор мераванд. Аммиак барои рустанӣ аҳамияти калон дорад. Аминокислотаҳо, ки барои синтези сафеда маводи зарурианд, бидуни аммиак ҳосил шуда наметавонанд. Аммиак дар ҳуҷайраи рустанӣ ба аминокислотаҳо табдил меёбад.

Корбурд[вироиш | вироиши манбаъ]

Миқдори нитрогени аммиаки хок ба бисёр омилҳо – нурӣ, агротехника, реаксияи хок ва ғ. вобаста аст. Аммиакоб ва аммиаки беоб дар боғдорӣ чун нуриҳои аммиакдор кор фармуда мешаванд. Дар таркиби ангур ҳангоми ранг овардан миқдори аммиак афзуда, баъди пухтани он кам мегардад. Аммиак ҳангоми майхобонӣ низ каму беш пайдо шуданаш мумкин аст. Дар чунин мавридҳо таъми май бад мешавад. Дар таркиби майи сафеди хушсифат миқдори аммиак аз 10 мг/дм3 ва дар таркиби майи гулгун аз 20 мг/дм3 зиёд буданаш ҷоиз нест. Аммиакро барои ҳосил кардани кислотаи нитрат, намакҳои нитрогендор, карбамид, кислотаи сианид, сода ва ғ. истифода мебаранд.

Заҳрнокӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аммиак гази заҳрнок буда, пардаҳои луобиро сахт меангезад. Ҳангоми заҳролуд шудани чашм ва роҳи нафасро месӯзонад, нафасро танг мекунад. Аммиакро дар баллонҳои зард, ки бо ранги сиёҳ «Аммиак» навишта шудааст, нигоҳ медоранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Технология связанного азота, М., 1966;
  • Израэльсон З. И., Гигиена труда в производстве аммиака, М., 1989;
  • Пожаровзрывоопасность веществ и материалов и средства их тушения, М., 1990;
  • Лисочкин Я. А. (ва диг.), О глобальных кинетических параметрах для определения пределов и периодов индукции самовоспламенения смесей метана, аммиака, кислорода и азота, маҷ. «Физика горения и взрыва», № 3, 2004.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]