Амонқара
Зоҳир
Амонқара | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Ungernia.
|
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
Ungernia victoris Vved. ex Artjush. | ||||
|
Амонқара (лот. Ungernia victoris), зевак, ҷавак, ҷавзак — гиёҳест бисёрсола.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барги дарози тасмашакл, хӯшагули чатрнамо, гули зангӯла ё қифшакли зард, ғӯзаи сепарраи сертухм, тухми калони сиёҳтоб дорад. Авг. – сент. гул карда тухм мебандад. Амонқара дар нишебиҳои кӯҳу хоктеппаҳо (2000 – 3000 м аз с. б.) мерӯяд.
Корбурд дар тиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тибби халқӣ пиёзаки дар хокистар пухтаи амонқараро ба ҳафтпӯст ва думбал мебанданд. Пиёзак, реша, барг ва меваи амонқара алкалоид (галантамин, гиппеастрин, ликорин, панкратин ва ғайра) дорад. Дар амалияи тибби муосир гибромиди галантамин воситаи хубест барои табобати ихтилоли тағзия (дистрофия), фалаҷ, сусткамарӣ, иллати системаи асаб ва радикулит (дарди қуян).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амонқара // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.