Jump to content

Амортизатор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амортизатор

Амортиза́тор (аз фр. amortisseur — суст кардан, нарм кардан) — асбоб барои суст ва сабук кардани таъсири зарба дар мошину иншоот, ки бо мақсади аз ларза ва гаронборӣ ҳифз намудан истифода мешавад.

Амортизатор энергияи механикиро ба энергияи гармӣ табдил медиҳад. Амортизаторҳо механикӣ (рессораҳо, торисонҳо, буферҳо, қисмҳои резинӣ), гидравликӣ (пуржинаҳои гидравликӣ) ва пневматикӣ (пружинаҳои пневматикӣ) мешаванд, ки сохти онҳо мувофиқан ба хосияти чандирии ҷисмҳои сахт, моеъ ва газҳо асос ёфтааст. Амортизатор нишасти нарми аппаратҳои париш, ҳаракати кори автомобил, локомотив ва ғайраро таъмин мекунад. Дар техникаи ҳозиразамон амортизаторҳо ҳар ҷо дар ин ё он намуд: дар пояҳои капот, сарпӯши бағоҷдон, қисмҳои идора (ҳатто дар мототсиклҳо), муҳаррик ва овезаҳои шассӣ истифода мешаванд.