Jump to content

Ампер-соат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ампер-соат — воҳиди ғайрисистемавии миқдори электрик; Ампер-соат ба миқдори электрике, ки аз буриши арзии ноқил дар 1 соат ҳангоми 1 А будани қувваи ҷараён мегузарад, баробар аст. Бо Ампер-соат ишорат мешавад. 1 Ампер-соат=3600 Кл. Одатан, барои ифода кардани заряди аккумуляторҳо истифода мешавад.