Ампер ба метр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ампер ба метр — воҳиди зичии хаттии ҷараёни электрикӣ ва шадидияти майдони магнитӣ дар Системаи байналхалқии воҳидҳо, ишораташ А/м. А. м. ба шадидияти майдони магнитии дар маркази соленоиди дарози n-печадор баамаломада ба ҳар як метри дарозӣ, ки аз он қувваи ҷараёни А/n мегузарад, баробар аст. 1 А/м=1,26•10–2 Э; 2) воҳиди магнитнокшавӣ дар системаи СИ. А. м. ба магнитнокшавии моддае, ки дар он моддаи ҳаҷмаш 1 м3 лаҳзаи магнитии 1 А• м2 -ро дорад, баробар мебошад. 1 А/м = 10–3 дин (см•Гс).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]