Амплитудаи лаппиш
Зоҳир
Амплитудаи лаппиш — қимати максималии кӯчиш ё тағйирёбии бузургӣ аз қимати мувозинат ҳангоми ҳаракати лаппанда ё мавҷӣ.
Ба ибораи дигар амплитудаи лаппиш модули тамоюли максималии ҷисм аз ҳолати мувозинатӣ мебошад. Мас., амплитудаи лаппиш дар лаппиши механикии ҷисм (вибратсия) барои мавҷҳои тор ё пружина масофаро ифода намуда, бо воҳиди дарозӣ чен карда мешавад; амплитудаи лаппиш барои мавҷҳои садо ба амплитудаи лаппиши фишори ҳаво дар мавҷ вобаста буда, логарифми он бо детсибел (дБ) чен карда мешавад. Амплитудаи лаппиш барои афканиши электромагнитӣ ба бузургии майдонҳои электрикӣ ва магнитӣ мутаносиб аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.