Амплуа
Амплуа́ (фр. emploi «рол; вазифа, ҷой; шуғл») — навъи ролҳои дорои хусусияти муайян, ки ба истеъдоду имкониятҳои ботинию зоҳирии актёр мувофиқат мекунад. Дар театрҳои драма амплуа аз персонажҳои типӣ (ниқоб, рамз, киноя, маҷоз) то образҳои фардӣ (алоқамандона бо вазъи драматургия ва санъати актёрӣ) вусъат ёфт.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихи амплуа аз театри атиқа (актёрҳои мазҳака ва фоҷиа) ва асрҳои миёна оғоз меёбад. Дар мазҳакаи Италия актёрон ролҳои табиатан ба ҳам наздикро ҷустуҷӯ намуда, дар иҷрои онҳо маҳорат пайдо мекарданд ва минбаъд дар иҷрои чунин навъи ролҳо мутахассис мешуданд, ки он ба амплуа мусоидат мекард. То ибт. амплуа 20 дар Русия амплуаҳои мардона – маъшуқ, маҳбуб, қаҳрамон, масхарабоз, содалавҳ, пургӯй (лаққӣ), олуфта (бодӣ) ва занона – кампири масхарабоз, қуввода, даллола, зани бонуфуз маъмул буданд. Дар мамлакатҳои Шарқ мувофиқи расму оин ин ҳунар чун мерос аз насл ба насл мегузашт. Дар марҳалаҳои муайяни инкишофи санъати театрӣ тақсими ролҳо ба амплуа аҳамияти мусбат дошт, зеро он барои тахассусёбии актёр ва такмили ҳунари ӯ имконият фароҳам меовард. Актёри соҳибихтисос метавонад бе тайёрии махсус ба дигар гурӯҳҳо ё театрҳо қабул шаваду фавран он ролро иҷро намояд. Бо мурури замон барои актёрони машҳур чорчӯбаи амплуа тангӣ кард ва онҳо қонунҳои амплуаро сарфи назар намуданд. Пайдоиши асарҳои драматургияи реалистӣ ва татбиқи реалистӣ дар асарҳои саҳнавӣ амплуаро шикаст дод. Бинобар ин ох. амплуа 19 бузургтарин намояндагони санъати театрии немис Т. Лаубе, Э. Девриент, Ф. Дингелштедт ва дигарон, авв. амплуа 20 дар Русия К. С. Станиславский, В. И. Немирович – Данченко, И. М. Москвин, В. И. Качалов ба идомаю ривоҷи амплуа зид баромаданд. Оҳангсозон ҳанӯз аз амплуа 19 сар карда асарҳои мусиқиро мутобиқ ба хусусиятҳои овозхон эҷод мекарданд. Бо мурури замон амплуаи театрҳои мусиқӣ низ чун амплуаи драмавӣ моҳияти худро аз даст медиҳад. Ҳоло қонунҳои амплуа танҳо дар опереттаҳо амал доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.