Амрдод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амрдод — номи фаришта ва номи моҳи панҷуми солшумории зардуштӣ, ки мувофиқи солшумории милодӣ аз 23 июл то 22 августро фаро мегирад. Фариштаи Амрдод сифати бемаргӣ, ҷовидонии Аҳура Маздо мебошад ва ба мардумон пиндору гуфтору кирдори нек меоварад. Он дар олами моддӣ нигаҳбони олами наботот ва ҳуми сафед мебошад. Ба бовари ориёиҳо касоне, ки дар моҳи Амрдод таваллуд мешаванд, фариштаи Амрдод сарпарасти онҳост. Ин афрод умри дароз дида хушбахтанд ва ба мурод мерасанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]