Jump to content

Амриддин Cамиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Амриддин Муҳамадиевич Cамиев (тав. 24.11.1971, ноҳияи Дарвоз), географ, номзади илмҳои география (2010).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1990 Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 7 шаҳри Душанбе ва соли 1995 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраевро хатм кардааст. Солҳои 1995–1998 ассистент, 1999–2001 аспиранти кафедраи географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2004 муаллими калони кафедраи туризм ва методикаи таълими географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Соли 2005 курси такмили ихтисосро дар Япония гузаштааст. Аз соли 2002 инчунин вазифаи муовини декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмиро ба уҳда дорад. Оид ба таърихи тадқиқотҳои географӣ ва эҳёи ҷамъиятҳои маҳаллӣ бо роҳи тараққӣ додани туризми экологӣ корҳои илмӣ бурда истодааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2007) мукофотонида шудааст.

  • Природные ресурсы верхнего течения реки Амударьи: вопросы охраны и рационального использования (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2002;
  • Из истории географических исследований на Памире // Известия АН РТ, №3, 2010; Природно-географические особенности Памира // Вестник Таджикского национального университета, №6 (62), 2010.