Jump to content

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мувофиқи Конститутсия Президенти ҶТ дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва ҷорӣ амр медиҳад (моддаи 70). Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иҷроияю амрдиҳии ӯро таъмин карда, фақат дар ҳолатҳои ҷудогона хислати меъёрӣ дорад, ҳарчанд дар он гоҳҳо вазъи ҳуқуқии шаҳрвандӣ муайян танзим меёбад. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳукуқи конститутсионӣ шуда метавонад. Фармон ва амрҳои Президенти ҶТ набояд хилофи Конститутсия ва қонунҳои ҶТ бошанд. Аз ин рӯ, амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади зерқонунӣ буда, дар шумораи сарчашмаҳои ҳукуқ баъди фармон ҷой гирифтааст.[1].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.45