Амр (барномасозӣ)
Амр — дар барномасозӣ, фармоиш ба барномаи комютерӣ, ки дар шакли ду рамз (бо ёрии 0 ва 1) навишта мешавад. Ҳар як амр ду ташкилкунанда дорад: рамзи амалиёт ва нишондиҳандамр Рамзи амалиёт ба тавассути протсессор иҷро кардани кадом амрро муайян мекунад. Нишондиҳанда дар кадом қисми хотира маҳфуз доштани маълумоти амалиётӣ ва дар куҷо ҷойгир кардани натиҷаи амалиётро нишон медиҳад. Ҳоло барномасозҳо ҳангоми тарҳрезии барнома бевосита аз рамзҳои мошинӣ истифода намебаранд, зеро барномаҳои тафсирӣ сарфи назар аз забони барномасозӣ онро ба таври автоматӣ ба забони мошинӣ мегардонанд.
Дар компютер
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар компютер, фармоиши рамзии махсус ба протсессор барои иҷро кардани ягон амал. Мураккабии амри компютерӣ аз сохтори протсессори он вобаста аст. Системаи амрҳои ҳисобмошинҳои мушаххас рамзи мошиниро ташкил медиҳад. Ҳар як намуди протсессор маҷмӯи амрҳои худро дорад, ҳарчанд дар аксар протсессорҳо ин маҷмӯи амрҳо ба ҳам мутобиқанд. Агар протсессори А пурра рамзи протсессори В-ро «фаҳмад» (хонда тавонад), пас ин протсессорҳо ба ҳам мутобиқ мебошанд. Агар протсессори А якчанд амрҳои В-ро нафаҳмад, пас онҳо ба ҳам мутобиқ нестанд. Барои осон кардани кори истифодабаранда як қатор амрҳои муайянро тугмадон (клавиатура) ва мушак иҷро мекунанд. Тугмадон ва истифодаи муштараки чанд тугмача садҳо амрро, ки вазифаи муайян доранд (мас., ҳар як тугмачаи қатори боло – аз F1 то F12), ба ҷо меоварад. Бо мушак (бо тугмачаҳои тарафи рост ва чап) низ чандин амрро иҷро кардан мумкин аст. Мас., ду маротиба пахш кардани тугмаи тарафи чапи мушак файл ё ғилофаро мекушояд. амрҳои идоракунии MS-DOS умумӣ буда, бо протсессори амрии command. com. иҷро карда мешаванд. амрҳо ба тавассути тугмадон бо пахш кардани тугмачаи <ВОРИД> (<ENTER>) дохил карда мешаванд. амрҳои умумии DOS аз якчанд гурӯҳ: амри кор бо файлҳо, амри кор бо системаҳо, амри шаклдиҳии дискҳо ва ғ. иборатанд. Ҳоло амр бо ҷойстик (афзори дастакдор) дар масофаи муайян иҷро мешавад, яъне он вазифаи тугмадонро иҷро мекунад;
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.