Амударё (маҷалла)
|
«Амударё» (форсӣ: آمودریا) — маҷаллаи эронӣ оид ба омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кавказ.
Аз тобистони соли 1992 дар Теҳрон дар се моҳ як маротиба ба забони форсӣ нашр мегардад. Аз баҳори соли 1999 ба забонҳои русӣ ва англисӣ низ чоп мешавад. Дар маҷалла нуқтаи назари дониИМАндон, дипломатҳо ва муфассирони сиёсии эронӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ оид ба масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва иҷтимоии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Кавказ пешкаши хонандагон мегардад. Матолибро барои «А.» Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Кавкази Вазорати корҳои хориҷии ҶИЭ омода менамоянд. Таърих, фарҳанг, санъат, адабиёт, дину анъанаҳои мардуми ин минтақаҳо ҳазорсолаҳо муштаракан ташаккул ёфта, таҳқиқи онҳо барои муайян кардани мавқеи ин кишварҳо ва мардумашон дар пешбурди ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Дар «Амударё» ба таъриху тамаддуни мардуми тоҷик таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.