Амфитеатр
Амфитеа́тр (аз юн. άμφιθέατρον — «атроф», «театр», вомвожа ба олмонӣ ё фр. amphithéâtre[1]) — дар Юнон ва Руми Қадим иншооти азим барои тамошои умумӣ: ҷанги гладиаторҳо ва ҳайвоноти ваҳшӣ, намоиши театрӣ. Амфитеатр сохтмони бузурги эллипсмонандест, ки дар мобайн саҳна дорад, дар атрофи он ҷойҳои тамошобинон зина-зина баланд шуда мераванд. Амфитеатр қисман дар Рум (Колизей), дар Верона ва дигар шаҳрҳои Империяи Рум боқӣ мондааст.
Дар замони кунунӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар театрҳои ҳозира амфитеатр ҷоест, ки пас аз партер зина-зина баланд шуда меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 бахшида ба 80-солагии пойтахти тоҷикон — шаҳри Душанбе ва соли 2006 дар шаҳри Кӯлоб амфитеатри замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Словарь Макса Фасмера
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
![]() |
Амфитеатр дар Викианбор |
---|
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Амфитеатр // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.