Амфиума
Намуди зоҳирӣ
| Амфиума | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Амфиума | ||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
ХАТО: пур кардани параметрҳои parent ва rang ҳатмӣ аст.
???: Амфиума |
||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||
| Amphiuma means Garden, 1821 | ||||||||||||
| ||||||||||||
Амфиума, самандармори дуангушта (лот. Amphiuma means) — ҷонварест обхокии думдор. Тани дарози (то 1 м) сиёҳаш ба мормоҳӣ монанд аст. Пойҳояш майда, 2-3 ангушти хурду беқувват дорад. Дар ботлоқзорҳои қисми ҷанубу шарқии Америка дучор меояд. Дар хушкӣ низ метавонад зиндагӣ кунад. Асосан шабона фаъол мешавад. Ғизои амфиума харчангшаклҳо, нармбаданҳо ва моҳиҳост. Аввали баҳор ҷуфт шуда, охири тобистон то 150 дона тухм мегузорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.