Jump to content

Анаконда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анаконда
Анаконда
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Eunectes murinus (Linnaeus, 1758)

Анаконда (лот. Eunectes murinus) — навъе аз морҳои азим.

Дарозиаш 6–7 (баъзан то 9) м. Баданаш пулакчаҳои ҳамвори ҷилодор дорад. Рангаш хокистарии зардтоб, ба дарозии бадан ду қатор холҳои ҷигарранг мавҷуданд. Сӯрохии биниаш пӯшида мешавад. Дар соҳили дарёҳо, кӯлҳо ва ботлоқзорҳои Бразилия ва Гвиана зиндагӣ мекунад. Нағз шино карда, қисми зиёди ҳаёти худро дар об мегузаронад. Ғизояш моҳӣ, бачаи аллигатор, парандаҳо ва ҷонварони хурд. Ба одам кам ҳамла мекунад. Дар вақтҳои хушксолӣ зери лойқа даромада карахт мешавад. Анаконда даҳҳо бача мезояд, баъзан тухм мегузорад. Анакондаро барои пӯст, гӯшт ва равғанаш шикор мекунанд.

  • Жизнь животных. В 6 т. Т. 4. — М., 1971. — С. 340—342.
  • Акимушкин И. И. Мир животных. Т. 4. Рассказы о змеях, крокодилах, черепахах, лягушках, рыбах / Серия Эврика. — М.: «Молодая гвардия», 1974. — С. 280. — 320 с.
  • Акимушкин И. И. Причуды природы. — М.: Мысль, 1981. — с. 186—189.
  • Биокка Этторе. Яноама. — М.: Мысль, 1972. — с. 31-32.
  • Бломберг Ральф. В поисках анаконды / Пер. со швед. Л. Л. Жданова. — М.: Детская литература, 1958. — 160 с.: ил.
  • Бломберг Ральф. Змеи-гиганты и страшные ящеры / Пер. со швед. Л. Л. Жданова. — М.: Знание, 1966. — 64 с.: ил.
  • Даль Георг. Последняя река. 20 лет в дебрях Колумбии / Пер. со швед. Л. Л. Жданова. — М.: Мысль, 1972. — 192 с.: ил.
  • Фосетт Перси. Неоконченное путешествие. — М.: Мысль, 1975. — с. 116—117.