Анаксагор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Анаксагор
юн.-қад. Ἀναξαγόρας
Anaxagoras.png
Санаи таваллуд:

тақр. 500 то м.[1]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

тақр. 428 то м.[1]

Маҳалли марг:
Фазои илмӣ:

ахтаршиносӣ, риёзиёт ва фалсафа

Шогирдони маъруф:

Метродор аз Лампсак[d]

Commons-logo.svg Анаксагор дар Викианбор

Анаксаго́р (юн.-қад. Ἀναξαγόρας) аз Клазомен (тақр. 500 то м.428 то м.)[2]файласуф, риёзидон, ва ахтаршиноси Юнони Қадим, асосгузори мактаби фалсафии Афина.

Зиндагинома[вироиш]

Дар охири умраш ба бединӣ гунаҳкор карда шуда, муҳоҷират карда бақияи умрашро дар Лампсак гузаронд. Аз асарҳои ӯ 20 порча ба тавассути намояндаи мактаби афинавии навафлотуния – Симплиский боқӣ мондаанд.

Ақидаҳои фалсафӣ[вироиш]

Ақидаҳои ӯ таҳти таъсири мактаби Милет (пеш аз ҳама Анаксимени Милетӣ) ва таълимоти Парменид оид ба ҳастӣ ташаккул ёфтаанд. Анаксагор таълимоти худро дар шакли фарзияи космогонӣ ташаккул дод. Мувофиқи он вазъи ибтидоии олам як чизи омехтаи беҳаракату бешакли иборат аз ҳиссачаҳои бешумори ҳиснашаванда ё «ҳаста» ва ашёи мухталиф буд. Минбаъд дар замону макони муайян омехтаи мазкур ба тавассути қувваи беруна – ақл (нус) ба ҳаракати босуръати даврзананда дароварда мешавад. Таълимот дар бораи ақл, ки ба афкори минбаъдаи фалсафавӣ («муҳаррики аввал»-и Арасту, ғояи «такони аввал»-и фалсафаи давраи нав) таъсири амиқ расондааст, муқобилгузории мабдаи ҳаракатро бо материяи орому собит ифода мекунад.

Анаксагор ақлро дорои хусусиятҳои зиддиятнок пиндошта, аз як тараф онро аз ҳама «сабуктар» ва бо ҳеҷ чиз махлутнашаванда медонад, аз тарафи дигар, тасдиқ мекунад, ки он «дар бораи ҳама чиз дониши пурра дорад ва қувваи азимеро молик аст». Мувофиқи таълимоти ӯ тамоми ҷараёни таҳаввули ҷаҳонӣ аз бесарусомонии аввала сар карда, то танзими пурраи кайҳон натиҷаи ҳамон ҳаракати даврии аввала мебошад, ки ба тавассути ақл сурат гирифта буд. Ҳастаҳои мутаҳаррик бо ҳиссачаҳои ба худашон монанд пайваст шуда, моддаи якхеларо ташкил карданӣ мешаванд, вале ҷудошавии пурраи моддаҳои мазкур ба вуҷуд намеояд, чунки «дар ҳама ҷузъ ҳама вуҷуд дорад» ва унсурҳои кадом модда дар чиз зиёд бошанд, он номи ҳамон моддаро мегирад. Дар ҷараёни чунин тағйирот миқдори умумии хелҳои модда собит мемонад. Чунин ҳолат на фақат дар ҳастаҳои сифатан якхела (дар мактаби фалсафии машшоъ «кумун» номида мешаванд), балки дар тазодҳои гармию хунукӣ, равшанию торикӣ, хушкию намӣ, тунукию ғафсӣ низ мушоҳида мешавад. Хусусияти дигари таълимоти Анаксагор инкори халоъ, эътирофи тақсимоти номутаноҳии модда, тасдиқи нисбияти калону хурд, ғояи бузургиҳои бениҳоят хурди воҳидҳои физикавӣ мебошанд. Анаксагор аввалин олимест, ки кусуфу хусуфи офтобу моҳро дуруст шарҳ додааст.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Миллии Тоҷик навишта шудааст.