Jump to content

Анализатори спектр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анализатори спектр, таҳлилгари тайф — асбобест барои мушоҳида ва чен кардани тақсимоти нисбии энергияи лаппишҳои электрикӣ (электромагнитӣ) дар фосилаи муайяни басомад.

Анализатори спектрро аз рӯи фосилаи басомадҳо (пастбасомад, радиобасомад ва басомадҳои оптикӣ), тарзи кор (мувозӣ ва пайдарпай), тарзи коркарди маълумоти ченкунӣ ва пешниҳоди натиҷаҳо (қиёсӣ ва рақамӣ), тарзи таҳлил (скалярӣ ва векторӣ) тасниф мекунанд. Анализатори тайф барои муайян кардани амплитуда ва басомади унсурҳои спектрӣ, ки ба таркиби раванди таҳлилшаванда дохил мешаванд, имкон медиҳад. Тавсифоти асосии чунин анализатор қобилияти тафриқавии он мебошад. Анализатори спектри пастбасомад дар акустика, мас., ҳангоми таҳқиқи шав-шув дар тарҳрезӣ ва истифодаи таҷҳизоти радио истифода мешавад. Анализатори радиобасомад дар фосилаи аз якчанд килоҳертс (кҲс) то садҳо гигаҳертс (ГҲс) кор мекунад. Чунин анализатор барои таҳлили хосиятҳои радиосигналҳо, таҳқиқи тавсифоти таҷҳизоти радио истифода мешавад.