Jump to content

Анатолий Власов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анатолий Власов
Таърихи таваллуд 7 (20) август 1908
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 22 декабр 1975(1975-12-22) (67 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физик[2], физики назарӣ[d][2], plasma physics[d][2] ва statistical physics[d][2]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Игор Тамм
Шогирдон Anatoly Logunov[d]
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»
Мукофоти ленинӣ Mikhail Lomonosov Award

Анато́лий Алекса́ндрович Вла́сов (7 (20) август 1908, Балашов, ҳозира вилояти Саратов — 22 декабри 1975, Маскав) — физикдони назарии шӯравӣ ва Русия, доктори илмҳои физика ва математика.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1931), профессор (аз соли 1944), мудири кафедраи физикаи назариявии Университети мазкур (1945-53). Анатолий Власов, асосан, дар бораи физикаи плазмаҳо, назарияи ҳолати кристаллӣ, назарияи ҷозиба ва физикаи оморӣ таҳқиқот анҷом додааст. Анатолий Власов назарияи васеъгардонии хатҳои тайфиро дар асоси ҳисобгирии таъсири мутақобилаи молекулавӣ инкишоф додааст. Дар асари илмии Анатолий Власов «Оид ба хосиятҳои ларзишии гази электронӣ», ки дар он бори аввал хосиятҳои физикии зарраҳои барқаноки плазма амиқ таҳлил гардиданд, ба тавсифи плазма қобили истифода набудани муодилаи газию кинетикии Болсман нишон дода шуд ва муодилаи нави кинетикии плазма (муодилаи Власов) пешниҳод гардид, ки таъсири умумии мутақобилаи зарраҳои плазмаро тавассути майдони кулонӣ тавсиф медиҳад. Ин таҳқиқот дар физикаи кинетикӣ ҳангоми таҳқиқи системаҳои бисёрбасомад васеъ истифода мегардад.

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1970), Мукофоти ба номи М. В. Ломоносов (1944). Бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.