Анатолий Гантварг
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 3 октябр 1948 (76 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | шашкабоз |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гантварг Анатолий Абрамович (тав. 3 октябр 1948, Минск, ҶШСБ, ИҶШС) — шашкабози белорус, гроссмейстери байналмилалӣ (1976), Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1985), мураббии варзиш.
Чаҳор карат чемпиони ИҶШС (1969-81) дар мусобиқаи инфиродии шашкаи садчаҳоркунҷаӣ. Чемпиони Аврупо дар мусобиқаҳои дастаӣ (1971, 1980), чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон (1978, 1980, 1984, 1985). Ғолиби олимпиадаи ҷаҳонии шашка дар соли 1992. Муаллифи китоби «50 набард дар 100 чаҳоргӯша». Солҳои 1984 ва 1985 беҳтарин варзишгари БелоРусия шинохта шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гантварг Анатолий Абрамович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.