Анба (мева)
Зоҳир
Анба, манго (лот. Mangifera) — меваи дарахти анба (Mangifera indica).
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мева ва пусти анба илова бар туршӣ (намаккарда) ва мураббо афшурае низ дуруст мекунанд, ки дорои асари қабзкунандагӣ (нигаҳдорандагӣ) аст. Ҳамчунин ғарғараи ин афшура ба сурати омехта бо каме об барои гулудард муфид аст[1].
- Пусти анба дорои 15 то 18 дарсад танинҳо аст ва як қошуқи чойхурӣ пусти кубидаи он ба мизони ду бор дар рӯз барои дармони исҳол (дарунрав) муфид аст.
- Меваи анба буи хуше мисли анбар дорад. Даҳонро хушбу карда ва ранги чеҳраро боз мекунад.
- Тақвияткунандаи ҷисм, руҳ ва аъзои ҳозима аст.
- Гурдаҳо ва пешобдонҳоро тақвият мекунад.
- Барои дармони сурфа, танги нафас, навъҳои гуногуни сардард, исҳол ва дардҳои қулинҷӣ мфид аст.
- Ташнагиро рафъ мекунад.
- Барои фарбеҳ шудани ашхоси лоғар мфид аст.
- Пешобовар ва мулоимкунанда аст.
- Мураббо ва туршии анба барои тақвияти меъда муфид аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Анба (манго) ва таъсироти он бар саломатӣ(тоҷ.), Parstoday (28 май 2017). Проверено 30 май 2018.