Jump to content

Анбори мева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анбори мева — як навъ бино ё хонае, ки дар он меваҷот нигоҳ дошта мешавад.

Тару тоза нигоҳ доштани мева ба ҳарорат, намнокии ҳаво ва миқдори оксигену гази карбонати дохили анбор вобаста аст. Ҳарорати заруриро барои нигоҳ доштани мева бо роҳи табиӣ ва сунъӣ ҳосил мекунанд. Таркиби зарурии гази камераҳои анбори мева дар натиҷаи оксигенро фурӯ бурда, гази карбонатро хориҷ кардани мева ё бо роҳи ба камераҳо додани омехтаи газ таъмин карда мешавад. Дар анбори меваи камераҳояш ҳавоногузар мубодилаи газҳо ниҳоят суст аст, аз ин рӯ миқдори зарурии оксиген ва гази карбонатро аз ҳисоби фаъолияти физиологии меваҷот ба даст овардан мумкин. Дар камераҳои ҳавогузар ба таркиби зарурии газ бо роҳи сунъӣ, яъне додани омехтаи газ муваффақ мегарданд. Анбори меваи газаш танзимшаванда бинои махсусест, ки дастгоҳҳои пуриқтидори сардонӣ ва ҳавотозакунӣ ва камераҳои ҳавоногузари гунҷоишашон гуногун дорад. Он бо дастгоҳи махсус ҷиҳозонида шудааст, ки таркиби газро назорат ва танзим менамояд. Баъзе анбори меваи газаш танзимшаванда камераҳои ҳавогузар дошта, меваро дар линча, халтаҳои коғазин ва контейнерҳо нигоҳ медоранд. Анбори меваи махсус барои нигоҳ доштани як намуди мева ва анбори меваи универсалӣ барои нигоҳ доштани меваҷоти гуногун пешбинӣ шудааст. Бештар анбори меваи универсалӣ месозанд. Анбори мева вобаста ба муҳлати нигоҳдории меваҷот чанд хел мешавад: анбори навъҳои зимистонаи мева; бахши сардонӣ (барои пеш аз кашондан зуд хунук кардани ғуҷуммева, меваҳои тобистона ва ангур); анбори меваи муштарак (барои хунук кардан ва нигоҳ доштани мева). Ҳамчунин анбори мева рӯизаминӣ, дарунизаминӣ (аз нисф камтари он дар дохили замин мемонад) ва зеркандмонанд (аз нисф зиёди девори анбор дар дохили замин мемонад) мешавад. Бештар анбори меваи рӯизаминӣ ва зеркандшакл маъмуланд. Анбори меваи зеркандшаклро хунук намекунанд. Анбори меваи сардонӣ аз камераҳои гунҷоишашон 50 – 250 т, компрессорӣ (барои ҷой додани таҷҳизоти сардонӣ) ва хонаҳои иловагӣ иборатанд. Чунин анборҳо зеркандмонанд (гунҷоишашон то 500 т) ва рӯизаминӣ (аз 250 то 4000 т) бунёд меёбанд. Анборҳои рӯизаминиро бо корхонаҳои коркарди мева якҷоя месозанд. Дар анбори меваи газашон танзимшаванда барои ҷой додани таҷҳизоти танзимгарӣ, назорати фосилавии ҳарорату намӣ ва гази камераҳо хонаҳои иловагӣ месозанд. Гунҷоиши камераҳои ин анборҳо аз 50 то 150 т аст. Меваҷотро дар камераҳо (қуттиҳо) ва контейнерҳо ҷойгир мекунанд. Анборҳои муқаррарӣ (зерканд, таҳхона, чоҳ, хандақ) хеле кам истифода мешаванд, чунки гунҷоиши онҳо кам ва талафи меваҷот зиёд аст.

Барои тару тоза нигоҳ доштани ангур солҳои пеш чоҳ, таҳхона, болохона, айвонҳои пӯшида ва хонаҳои торику салқинро истифода мебурданд. Чунин анборҳо шамолрас, хушк, бемағор ва ҳарораташон мувофиқ (аз 6 – 8°С боло) буданд. Онҳо бо чӯб, сим, вананг ё рафҳои махсус барои ангур ҷиҳозонида мешуданд. Баъзан хӯшаҳоро қабат ба қабат мемонданд, дар ин ҳол ба болои ҳар қабат хокистар, аррамайда ва ғ. пошида мешуд. Анборҳои замонавӣ аз шуъбаи мошинҳо, камераҳои сардонӣ ва ирсолӣ, хонаҳои иловагӣ иборатанд. Таҷҳизоти сардонӣ бояд тамоми камераҳоро хунук карда тавонад. Дар ин ҳангом бояд дар назар дошт, ки ангурро аз ҳарор. 20° то 0°С дар давоми 1 – 2 шаборӯз хунук мекунанд. Барои хунук кардани камераҳо аз батарея ё кондитсионерҳо истифода бурдан беҳтар аст. Батареяҳоро дар девор ё шифти камера васл мекунанд. Анборе, ки газаш танзим мешавад, камераҳои ҳавоногузар низ дорад. Девор ва шифти камераҳо бо тунука, фолга, фолгаизол ва дигар масолеҳ пӯшида мешаванд. Дар чунин анборҳо бояд 5 – 6% оксиген, 5 – 8 % гази карбонат, 90 – 95% нитроген ва 90% намнокӣ бошад. Ҳама намудҳои анбори мева бо ангидриди сулфур безарар гардонда мешаванд.