Анбори ғалла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Анбор бо рундук дар осорхонаи меъмории мардумӣ ва рӯзгордорӣ. Минск

Анбори ғалла — иморатест барои нигоҳ доштани ғалладона ва орд.

Анбори ғалла бояд маҳсулотро аз боришот, хояндаю парандаҳо эмин дорад, барои фуровардану бор кардани ғалла ва назорати ҳолати он мувофиқ бошад. Анбори ғалла се хел мешавад:

  • ғӯла (бинои якошёнаи заминаш бетонӣ ё асфалтпӯш)
  • хамбадор
  • манорашакл (баландиаш то 30 м)

Дар ғӯла ғалларо рӯи фарш нигоҳ медоранд. Гунҷоиши ғӯла 250 — 5500 т буда, онро бештар дар ҷойҳои қабули ғалла месозанд. Ғӯла аксар дар шакли биноҳои якошёнаи бомашон нишеб ё гумбазшакл сохта мешавад. Баъзан ду долон (болоӣ ва поёнӣ) дорад. Дар анбори ғаллаи хамбадор тухми зироати гуногунро нигоҳ медоранд. Ин навъи анбор ғӯламонанд буда, аз хамбаҳои алоҳида ё бордонҳои фаршашон моил ё махрутшакл иборат аст. Анбори ғаллаи манорашакл гунбазмонанд ё росткунҷаи васеъ аст.

Элеватори ғалла анбори манорашакли нисбатан мукаммал мебошад. Ғӯла ва анбори ғаллаи хамбадори бомашон нишебро, одатан, синҷкорӣ мекунанд. Бо ин мақсад конструксияҳои оҳанубетонӣ, чӯб ё оҳан истифода мешаванд, деворҳоро аз конструксияҳои оҳанубетонӣ, хишт ва дигар масолеҳи сохтмон, бомро аксар аз тахтаҳои асбестусементӣ месозанд. Анбори ғаллаи гунбазшакл низ аз конструксияҳои оҳанубетонӣ сохта мешавад. Дар ғӯла ва анбори ғаллаи хамбадори хурд ғалларо ба тавассути таҳвилнавор бор мекунанд ва мефуроранд. Дар анборҳои калон ғалларо бо таҳвилнаворе, ки дар долони боло гузошта шудааст, бор мекунанд. Барои қабули ғалла ва бо таҳвилнавор ба боло додани он дар паҳлуи анбори ғалла манора месозанд, ки чиғир, дӯли ғаллагирӣ ва мошини болобардор дорад. Ғалларо ба воситаи таҳвилнавори зеризаминии долони поёнӣ мефуроранд. Қисми зиёди ғалла худ аз худ ба таҳвилнавор мерезад; қисми боқимондаашро бо мошинҳо ҷамъ меоваранд. Барои бо таҷҳизоти гуногун қабул, тоза ва хушк карда ба анбор рехтани ғалла, инчунин дар хоҷагиҳои калон дар паҳлуи анбори ғалла манораҳои ғаллахушконӣ ва ғаллатозакунӣ месозанд. Хонаҳои анбори ғалла бо манораҳо ба воситаи таҳвилнаворҳои болоӣ ва поёнӣ алоқа доранд. Барои нигоҳ доштани ғаллаи зиёд паҳлу ба паҳлу чанд анбори ғалла месозанд. Бо мақсади напӯсидани ғалла анборро ба воситаи шахтаҳои ғалақадоре, ки дар кунгураи бом гузошта шудаанд, ё бо новаҳои дохили бино шамол медиҳанд. Ҳарорати анбори ғалларо бо ҳароратсанҷҳои электрикӣ назорат мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]